Қонунияти ҳуқуқӣ
Қонунияти ҳуқуқӣ — ин риоя ва иҷрои аниқ ва бемайлони талаботҳои қонуни ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳамаи субъектони ҳуқуқ мебошад. Қонунияти ҳуқуқӣ-принсипи муҳими фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд, кафолати инкишофи мӯътадили ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояву ҳифзи ҳукуқу озодиҳои инсои ва шаҳрванд, талаботи амали мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор, заминаи таъмини тартиботи ҳуқуқии ҷомеа мебошад. Мақсад аз таъмину таҳким ва риояи қонунияти ҳуқуқӣ ин ташкили шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, талаботу арзишҳои инсонӣ, унсуру нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти ҳуқуқии ҷомеа, ривоҷи муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ, соҳибкорй, тиҷорат ва шаклҳои дигари фаъолиятн озоди иқтисодӣ, амалн бевосита ва номаҳдуди меъёрҳову принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, алалхусус дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, таъмини нуфуз ва мақоми баланди инсон дар ҷомеа, имкони амали мустақими меъёрҳои конститутснонӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳо дар тамоми қаламрави давлат мебошад.
Талаботҳои қонунияти ҳуқуқӣ дар бисёр моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудаанд, чунончи эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат (м. 5, қ. 3), ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби қонунҳои ҷумҳурӣ (м. 14, қ. 1), Президент ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (м. 64, г. 2), ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо дар фаъолияти ҳокимияти судӣ (м. 84, қ.1), назорати прокурорӣ баҳри таъмини қонуният (м. 93) аст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 256