Қонуни асосӣ — ибораест, ки асосан аз рӯи мазмун бо мафҳуми Конститутсия» ва «Сарқонун» як буда, дар мамлакатҳо чун санади ягона вуҷуд дошта, меъёрҳои он қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.

Дар баъзе мамлакатҳо, ба монанди Олмон, Эрон ба ҷои ибораҳои Конститутсия ва Сарқонун ибораи Қонуни асосӣ ба кор бурда мешавад.

Масалан, дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Қонуни асосии соли 1949 бо тағйироту иловаҳо, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Қонуни асосии соли 1980 бо тағйироту иловаҳо амал мекунанд.

Дар баъзе кишварҳо ҳам ибораи Конститутсия ва ҳам ибораи Қонуни асосӣ якҷоя истифода карда мешаванд.

Масалан, Конститутсияҳои пешинаи ИҶШС ба тарзи «Конститутсияи (Қонуни Асосӣ)» ва баъд номи пурраи давлат навишта мешуд. Январи 2004 Конститутсия (Қонуни асосӣ)-и нави Афғонистон қабул гардид.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 253