Қонунча
«Қонунча» (ар. قانونجه فى الطب) — асарест, ки онро аз рӯи «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалии Сино Маҳмуд ибни Муҳаммад ибни Умари Чағминӣ ба арабӣ таҳия кардааст[1].
Мунтариҷа
вироиш«Қонунча» аз 10 боб (мақола) иборат аст. Дар «Қонунча» оид ба табиати инсон (боби 1), ташреҳия (боби 2), ҳолатҳои гуногуни организми одам (боби 3), набзи шараён (боби 4), беҳдошт ва парҳези одамони солим (боби 5), дарди сар (боби 6), бемориҳои аъзои ҷудогонаи одам (боби 7), касалиҳои гурда (боби 8), амрози умумии организм (боби 9), қувваҳое, ки дар ғизои сахт ва нӯшокиҳо мавҷуданд (боби 10) маълумоти мухтасар дода шудааст. Як нусхаи «Қонунча» иборат аз 38 варақ таҳти рақами 2409 дар Фонди дастхатҳои Институти шарқшиносии АИ Узбакистон маҳфуз мебошад.
Шоир ва табиби қарни 19 Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ҳам ба «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Ибни Сино бо номи «Таҳқиқу-л-қавоид» шарҳ навиштааст. Асари номбурда соли 1822 дар Бухоро ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтааст ва яке аз нусхаҳои он (229 варақ таҳти рақами 1306) дар Фонди дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Узбакистон маҳфуз мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қонуни Абуалӣ Сино (9 марти 2024). 16 марти 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Қонунча // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).