Қорӣ Неъмати Савтӣ (с.тав. 1890, Самарқанд, с.ваф. 1947, Самарқанд), сароянда, навозанда, оҳангсоз-таронасаро, намояндаи боҳунари мактаби иҷроии Самарқанд. Санъати мусиқӣ, шеърро ибтидо аз падараш омӯхта, минбаъд назди Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936) асосҳои амалии созу овозро андӯхт. Қорӣ Неъмати Савтӣ дар рушд, идомаи анъанаи иҷроии мактаби иҷроии Самарқанд саҳми арзанда дорад.Шохаҳои созию овозии «мушкилот», «тасниф», «тарҷеъ», «гардун», «савт», «талқин», «сувора»-ро дар ҳамовозии дутор бо тозакориҳои ҳунарӣ анҷом медод. Қорӣ Неъмати Савтӣ дар таъсиси дастаҳои ҳунарӣ, тадриси осори мусиқии мардумӣ ва устодона дар Самарқанд, Панҷакент корҳои зиёди ҳунарӣ намуда, зумраи сарояндагони боҳунари мақомро (Искандар Бобоев, Шариф Акрам ва диг.) рӯи саҳнаи иҷроӣ овардааст.

Қорӣ Неъмати Савтӣ
Қорӣ Неъмати Савтӣ
Зодгоҳ ш. Самарқанд
Таърихи даргузашт 1947(1947)
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Адабиёт

вироиш

Таджикская музыка, Душ., 2003; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 111 ISBN 978-99947-49-13-3