Қоқу

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Қоқӯ, ё гули қаҳқаҳ, ё дегкафонак, ё ширгулак (лот. Taráxacum officinále) — навъе аз гиёҳҳои бисёрсола.

Қоқу
Гули қоқу дар моҳи май
Гули қоқу дар моҳи май
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Taraxacum officinale Webb[1]
Таксонҳои хоҳар
  • Taraxacum officinale var. lapponicum Kihlm.

Тавсифоти биологӣ

вироиш

Пояаш 5 – 30 см, баъзан то 50 см қад мекашад. Дар нӯги поя «сабадак»-и зард ҳосил шуда, дар ҳар кадоми он то 200 гули тилоранг мешукуфад. Ду маротиба (баҳор ва тирамоҳ) гул мекунад. Барги қоқу дар бехи поя месабзад. Қоқу дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон фаровон аст. Одатан дар лаби ҷӯй, соҳили рӯдҳо, марғзор, талу теппаҳо, ҷангалзор, дашту саҳро, боғ, канори роҳу назди иқоматгоҳҳо ва ғайра месабзад. Қоқу гиёҳи қадимии ғизоист. Барги онро юнониҳо ва румиҳои қадим чун сабзавот истеъмол мекарданд. Тоҷикон аз барги қоқу ва гиёҳҳои дигар самбусаи алафӣ мепазанд, бехи онро тару тоза истеъмол мекунанд. Барои рафтани талхӣ қоқуро дар намакоб 30 дақиқа тар карда мондан лозим аст.

Хосияти шифоӣ

вироиш

Қоқу гиёҳи маъмули доруист. Бино ба маълумоти Теофраст (372 – 287 то м.) қоқу доғи кунҷитакро барҳам медиҳад. Абӯалии Сино бо оби қоқуи тару тоза истисқоро табобат мекард. Бо «шир»-и қоқу «гул»-и чашмро меравонд. Аз баргу пояи он марҳаме тайёр намуда, ба ҷои каждумгазида мебаст, қоқуро позаҳр меҳисобид. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн хосияти қоқу асосан ба хосияти коснӣ монанд аст, вале нисбат ба он таъсири сахттар дорад. Қоқу хунпартоиро бозмедорад, меъдаро қувват мебахшад. Хокаи решаи қоқуро ба ҷои газидаи ҳашарот ва ҳайвоноти заҳрнок мебанданд. Табибони халқӣ қоқуро барои табобати илтиҳоби ҷигар, заъфарма, иллати заҳрадон, дарди санги гурдаву масона, диабети қандӣ, бавосир, қабзияти меъдаву рӯда, касалиҳои пӯст, инчунин ба сифати доруи заҳрарон, мушаҳҳӣ (иштиҳоовар), исҳоловар ва пешоброн истифода мебаранд. Аз барги тару тозаи қоқу хӯрише тайёр мекунанд, ки кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад. Дар тибби илмӣ ҷӯшоби қоқуро барои кушодани иштиҳо, қабзият ва чун давои зардарон кор мефармоянд. Барои ин 1 чумча решаи майдакардаи қоқуро дар як истакон об 20 дақиқа меҷӯшонанд ва баъди хунук шудан полида, рӯзе 2 – 4 маротиба пеш аз хӯрок ¼ истакон менӯшанд. Қиёми равғании қоқу давои хубест барои ҷароҳатҳои сӯхтагӣ. Ҷӯшоби решаи онро ба сифати доруи зардарон ва иштиҳоовар таъйин мекунанд. Бо ин мақсад 3 чумча (40 г) решаи қоқуро дар 1 истакон об 20 дақиқа ҷӯшонда, дар як рӯз 2 маротиба пеш аз хӯрок як истаконӣ меошоманд. Доруҳои қоқуро дар амалияи тибби муосир асосан чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима, иштиҳоовар ва заҳрарон истифода мебаранд. Солҳои охир муайян кардаанд, ки бехи қоқу барои шахсони гирифтори атеросклероз хеле муфид аст. Барои ин хокаи бехи хушки онро истеъмол кардан лозим (дар як шаборӯз пеш аз хӯрок 5 г).

  1. Taraxacum officinale Webb(англ.). The Plant List. Version 1. Published on the Internet; http://www.theplantlist.org. Royal Botanic Gardens, Kew and Missouri Botanical Garden (2010). 24 май 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2012.

Адабиёт

вироиш
  • Мацку Я., Крейча И., Атлас лекарственных растений, Братислава, 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.