Қулдош Боқихони Хонанда

Қулдош Боқихони Хонанда (тав. 1840, ноҳияи Ғиждувон, вилояти Бухоро, - ваф. 1902, Бухоро), навозанда, сароянда, мақомхони машҳури ҳавзаи иҷроии Ғиждувон.

Қулдош Боқихони Хонанда
Қулдош Боқихони Хонанда
Таърихи таваллуд 1840(1840)
Зодгоҳ ноҳияи Ғиждувон, вилояти Бухоро
Таърихи даргузашт 1902(1902)
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Зиндагинома вироиш

Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш дар зодгоҳаш ва Бухоро гузашта, аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ роҳ ёфта, аз падараш, ки иҷрокунандаи машҳури марвихонӣ, мақом буд, овозхониро омӯхт. Назди Ҳоҷӣ Абдулазиз Махсум (1842-1905), Бобо Ҷалол (1845-1928) ва диг. асосҳои ама-лии мақомҳоро фаро гирифта, дар иҷрои «савт», «наср» маҳорати хуб дошт ва «Соқинома»-ҳоро дар пояи ҳунарӣ иҷро мекард. Аз Ҳоҷӣ Абдуллои Савтӣ (1834-1902) асосҳои суннатии иҷрои мақомҳо, шеъ-рро амиқ омӯхта, дар иҷрои «Чапандози Наво», «Мустаҳзоди Наво», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Ороми ҷон», «Уфари Ороми ҷон», «Насруллоӣ» ва силсилаи сурудҳои «марвӣ» маҳорати баланди ҳунарӣ ба харҷ додааст.

Адабиёт вироиш

«Шашмақом» (баёз», Р:5734, ИВАН Уз.ССР; Таджикская музыка. - Душанбе, 2003.[1]

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 113 ISBN 978-99947-49-13-3