Қулмуҳаммади Удӣ
Устод Қулмуҳаммади Удии Самарқандӣ (форсӣ: قلمحمد عودی; ? — 1539, Самарқанд) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, шоир ва хаттоти форс-тоҷик.
Қулмуҳаммади Удӣ | |
Зодгоҳ | шаҳри Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 1538 |
Пеша(ҳо) | сароянда, навозанда |
Зиндагинома
вироишАз Шибирғони Афғонистон. Санъати мусиқиро дар Ҳирот назди Устод Шодӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон ва дигарон фаро гирифт. Дар созандагию сознавозӣ анъанаи мактаби классикии Ҳиротро пайравӣ мекард. Муддате дар Самарқанду Бухоро ба сар бурда, ҳунармандони бисёрро тарбия кардааст. Бо ҳунари эҷодию иҷроии Марву Рай низ ошно буд. Дар навохтани уд ва ғижак шуҳрат дошт. Барои ғижак мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ҳиҷоз», «Зангӯла», «Рост» бар усулҳои «Фохтазарб», «Барафшон», «Нимсақил» таснифу эҷод кардааст. Муаллифи «Воқеоти Бобурӣ» Қулмуҳаммади Удиро аз мусаннифони тавонои нимаи аввали қарни XVI-и Ҳирот донистааст. Ӯ дар сознавозӣ мактаби хосси худро дошт. Дар уд, ғижаку қонун тағйироти нав ворид карда, барои ин созҳо таснифоти гуногун («Савт», «Пешрав», «Нақш», «Кор», «Қавл») сохтааст. Дар хаттотӣ, наққошӣ, ҷадвалкашӣ, лавҳакашию ҳалкорӣ низ ҳамто надошт. Чанд нусха аз осори ҳамасронашро бо тасвирот оро додааст. Нусхаи ороишии маснавии «Шоҳу дарвеш»-и Ҳилолиро ба ӯ нисбат медиҳанд. Дар шеъру шоирӣ низ табъи равон дошт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Қулмуҳаммади Удӣ / А. Раҷабов // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 113. — ISBN 978-99947-49-13-3.