Қулмуҳаммад Абдулҳусейн

Қулмуҳаммад Абдулҳусейн - нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1986)

Қулмуҳаммад Абдулҳусейн
Қулмуҳаммад Абдулҳусейн
Таърихи таваллуд: 29 октябр 1929(1929-10-29) (95 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рӯшон
Навъи фаъолият: нависанда

Зиндагинома

вироиш

Қулмуҳаммад Абдулҳусейн 29 октябри соли 1929 дар деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 Мактаби олии комсомолии Маскавро хатм карда, солҳои дароз дар корҳои комсомолӣ, аз ҷумла, котиби дувуми Кумитаи комсомоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мудири шуъбаи тарғиботи КМ ЛКСМ Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Чанде муовинии сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» - ро бар уҳда доштааст. Солҳои ахир мудири умури хоҷагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Эҷодиёт

вироиш

Аз соли 1961 асарҳояш чоп мешуданд. Аслан қиссаҳои илмии тахайюлӣ меофарид, ки «Ниҳонхонаи Қамар», «Сайругашт дар Марс» ва «Истгоҳ дар мадор» аз он ҷумлаанд. Қиссаҳои наваш «То ошёни Муштарӣ» (1988) ва «Баррачаҳои инкубаторӣ» (1992)-ро нашриёти «Адиб» ба чоп расондааст.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 23 ISBN 978-99947-2-379-9