Қурбоналӣ Раҳмон
Қурбоналӣ Раҳмон (Қурбоналӣ Раҳмонов; 27 июли 1954, деҳаи Навобод, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 10 июли 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1986), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).
Қурбоналӣ Раҳмонов | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 27 июл 1954 |
Зодгоҳ | деҳаи Навобод, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 10 июл 2021 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | 1988—2021 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Гурӯҳ | Ансамбли «Сомон» |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999) |
Зиндагинома
вироишҚурбоналӣ Раҳмонов 27 июли соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Слли 1977 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм кардааст.
Корнома
вироишДиректори Хонаи маданияти ноҳияи Восеъ (1976—1978), роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси хоҷагии ба номи Ленини н. Восеъ (1978—1996), аз соли 1996 роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Сомон»-и назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Давоми фаъолияти қариб чилсола сурудҳои зиёде аз мероси халқ ва осори шуарои пешину муосир хондааст, ки писанди умум афтодаанд. Чанд соли охир барномаҳои тозаэҷодеро аз осори бузургони адаб — Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофиз, Бедил, Иқбол, Лоҳутӣ (ҳар яке то қариб ду соат тӯл кашидааст) ба хидмат овард, ки бозёфтанд дар олами мусиқии муосири тоҷик. Таҳти роҳбариаш ансамбли «Чашма» дар фестивали байналхалқии дастаҳои этнографию фолклории халқҳои кӯҳистон (соли 1977, ш. Закопанеи Лаҳистон) соҳиби шоҳҷоизаи «Табарчаи тилоӣ», ансамбли «Сомон» дар ҷашнвораи байналхалқии мусиқӣ (2001, ш. Теҳрон) ҷоизаи «Чанги заррин» ва дар фестивали байналмилалии «Баҳори апрел» (Пхенян, 2001) ҷоизаи «Ҷоми тилоӣ» гирифтааст. Ба Афғонистон, Эрон, Покистон, Ироқ, Туркия, Кореяи Шимолӣ, Италия, Лаҳистон, Юнон ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Беморӣ ва даргузашт
вироишҚурбоналӣ Раҳмон 10 июли соли 2021 бар асари бемории вируси куруно дар шаҳри Душанбе даргузашт[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Қурбоналӣ Раҳмон пас аз чанд рӯзи "набард" бо коронавирус даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (10 июли 2021). 12 июли 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.