Қурбонбек Элчибеков
Қурбонбек Элчибеков (тав. 11.02.1936, деҳаи Вири ноҳияи Шуғнон), муаррих, номзади илмҳои таърих (1986). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000)
Қурбонбек Элчибеков | |
Таърихи таваллуд | 11 феврал 1936 (88 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шуғнон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000) |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1954-1959 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1959-1968 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №38 ноҳияи Шуғнон буд. Солҳои 1968-1971 аспиранти Институти таърихи ба номи А. Дониши АИ ҶШС Тоҷикистон, 1971-1987 корманди хурди илмии шуъбаи таърихи асрҳои миёнаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1987-1992 муаллими калони кафедраи таърихи Ватан (таърихи халқи тоҷик)-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1993 ба ҳайси дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев фаъолият дорад. С. 1993 – 1997 мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, 1997 – 2000 мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев , 2000 – 2005 мудири шуъбаи аспирантура ва аз соли 2005 инҷониб дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад. Зери роҳбарии ӯ як нафар рисолаи номзадиро дифоъ намудааст.
Осор
вироиш- Новые материалы по истории Шугноне\\ Изв. ООН АН Тадж. ССР, №2. – С.3-11;
- Первые учителя и первые историки Советского Памира\\ Мактаби Советӣ, 1984, № 10. – С.59-62;
- Важное историческое научное иследование, // Народы Азии и Африки, 1977, №6 с.234. Новый источники по истории Шугнона, // Письминные памятники Востока.- М., Наука, 1979. – С.273-287
- Методическое пособие по археологии Памира. – Хорог, 1999;
- Пешгуфтор ба китоби О. Қурбонбеков «Одамони наҷиб». – Хоруғ, 2000. – С. 3 – 9.;
- Жизнь и деятельности Шириншо Шотемура // Верные сыновья родины. – Хорог, 2000. – С. 37 – 41.;
- Исторические источники по истории Шугнана и Рушана // Вестник Хорогского университета. – № 3. – Хорог, 2000. – С. 114 – 119.;
- Административное устройство Шугнана в XIX веке // Вестник Хорогского университета. – № 4. – Хорог, 2002. – С. 142 – 145.;
- Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ, Мирзо Фазлалибеки Сурхафсар. Таърихи Бадахшон. Баргардандагони матн аз хатти арабиасоси тоҷикӣ ба хатти кириллии тоҷикӣ Қурбонбек Элчибеков, Қудратбек Элчибеков ва Золшоҳ Ғуломов. – Д., 2007.
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ