Қурбонназар Восеев

Қурбонназар Восеев (Восеев Қурбонназар Қувватович, мутахаллис ба Қурбон Тӯсафӣ; зод. 1 марти 1971, деҳаи Тӯсаф, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигори тоҷик.

Қурбон Тӯсафӣ
Восеев Қурбоназар Қувватович
Сурат
Таърихи таваллуд 1 март 1971(1971-03-01) (53 сол)
Зодгоҳ деҳаи Тӯсаф, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор, рӯзноманигори радио ва телевизион

Зиндагинома вироиш

Қурбонназар Восеев 1 марти соли 1971 дар деҳаи Тӯсафи ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 21-и ноҳияро соли 1988 хатм кардааст.

Солҳои 1989—1991 дар сафҳои артиши Шӯравӣ дар Украина ва Узбакистон хидмат кардааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Корнома вироиш

Фаъолияти кораишро дар идораи рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба фаъолият оғоз менамояд. Охири ҳамон сол мухбири рӯзномаи мазкур таъйин мегардад. Солҳои 1994—1999 дар мактабҳои миёнаи рақамҳои 46 ва 21-и ноҳияи Файзобод ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.

Солҳои 1999—2003 дар шабакаи радиои «Садои Душанбе»[1] кор карда муаллиф ва муҷрии барномаҳои «Пайраҳаи мурод», «Суруд барои шумо», «Ки медонад?», «Ҳафт ахтар», «Инро шумо медонед…?» буд[2].

Солҳои 2003—2009 дар Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун — аз хабарнигор то муовини сармуҳаррир кор кардааст. Аксари бинандагони телевизион ӯро чун «Ҷаноби Сиёҳ» дар барномаи мубоҳисавии «Сафеду Сиёҳ» дар муқобили «Ҷаноби Сафед» (Раҳмоналӣ Миралазода) мешиносанд.

Айни замон сардори Хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» аст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Фирӯз Каримзода. «Садои Душанбе» – заминагузори шабакаҳои муосири радиоӣ дар Тоҷикистон(тоҷ.). «Радиои Тоҷикисттон» (18 Январ 2021). 1 марти 2022 санҷида шуд.
  2. Саидмуроди Ходжазод. Роль радио "Таджикистан" в формировании общественного мнения в период независимости. disserCat — электронная библиотека диссертаций (2015). 1 марти 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)

Сарчашма вироиш