Қурбон Ғуломзода

(Тағйири масир аз Қурбон Авғонов)

Қурбон Ғуломзода (то соли 2015 Қурбон Ғуломович Авғонов; 26 октябр 1963, ноҳияи Восеъ1 январ 2024, Душанбе) — китобдор ва библиографи тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Қурбон Ғуломзода
Қурбон Ғуломович Авғонов
Таърихи таваллуд 26 октябр 1963(1963-10-26)
Зодгоҳ деҳаи Куйбишев, ноҳияи Восеъ
Таърихи даргузашт 1 январ 2024(2024-01-01) (60 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Нишони сухан» (2013)

Зиндагинома

вироиш

Қурбон Ғуломович Авғонов 26 октябри соли 1963 дар деҳаи Куйбишеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст (1989).

Корнома

вироиш

Мураббии клуби наврасони Душанбе (1988—1989), методисти калони шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ (1989), лаборант, мудири кабинет, омӯзгори кафедраи библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1989—1994), таҳсил дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (1994—1997), омӯзгори кафедраи библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1997—1999), мудири кафедраи библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1999—2003), сармутахассиси раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001—2003), раиси Ассотсиатсияи кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2011), сармуҳаррири нашрияи «Роҳнамои дониш» (2010—2011), раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар (2003—2015), сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015—2021) ва аз соли 2021 то охири умр директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Қурбон Ғуломзода дар соҳаи китобдорӣ ва библиографишиносӣ бештар 130 асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Ӯ ҳамчунин дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011—2013» ширкати фаъол дошта, Консепсияи «Хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Консепсияи «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар», рисолаҳои илмии «Библотечное образование в Республике Таджикистан» ва «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон», дарсномаи «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо»-ро таълиф ва ба нашр расондааст.

Ба кишварҳои Амрико, Эрон, Чин ва кишварҳои узви ИДМ сафар карда, дар конференсияҳои илмӣ ва ҳамоишҳои фарҳангӣ баромад кардааст.

Унвону ҷоизаҳо

вироиш
  • «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»,
  • «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»,
  • «Аълочии маорифи Тоҷикистон»,
  • дорандаи «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,
  • «Ифтихорнома»-и Федератсияи сулҳ ва ваҳдат Созмони байналхалқии ҷамъиятии мақоми машваратӣ дар назди ЭКОСОС СММ ва мақоми иштирокдори Шӯрои Аврупо.

Даргузашт

вироиш

Қурбон Ғуломзода шаби 1 январи соли 2024 бар асари бемории саратони меъда дар шаҳри Душанбе даргузашт[1].

  • Мактаби китобдории Тоҷикистон [Матн]: Омилҳои пайдоиш ва марҳилаҳои инкишоф. — Душанбе, 1997. — 26 с.
  • Бобоҷон Ғафуров — библиограф [Матн] /Зери назари профессор А. Раҳимов. — Душанбе: Санадвора, 1998. — 19 с.
  • Библиотечное образование в Республике Таджикистан [Текст]: Сущность, факторы формирования, состояние и пути дальнейшего совершенствования /Под ред. профессор А. Рахимова. — Душанбе, 1998. — 126 с.
  • Проблемы совершенствования библиотечного образования (На примере учебных заведений Республики Таджикистан) [Текст]: Автореф. дисс… канд. пед. наук. — Душанбе, 1999. — 16 с.
  • Китобшинос [Матн]: Китобномаи шарҳиҳолии Шариф Комилзода (Тошев). — Душанбе: Эҷод, 2008. — 104 с.
  • Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар: Маводи роҳбарикунанда /Муҳаррир М. Юсупова. — Душанбе: Санадвора, 2009. — 60 с.
  • Консепсияи хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ — оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон /Муҳаррир С. Шосаидов; Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар. — Душанбе: Эҷод, 2009. — 28 с.
  • Китобдори собиқадор [Матн]: Китобномаи шарҳиҳолии Ҷӯрабой Раҷабов / Муҳаррир М. Юсупова. — Душанбе, 2010. — 160 с. — Бо ҳамкории М. Раҷабзод.
  1. Даргузашти Директори Муассисаи нашриявии “Ирфон” Қурбон Ғуломзода. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2 Январ 2024). 3 Январ 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Кӯлоб. Энсиклопедия. — Д., 2006. — 640 с.
  • Авғонов Қурбон Ғуломович: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ / Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Ш.Комилзода. — Д.: Истеъдод, 2013. — 128 с.