«Ирфон» (хиёбони Неъмат Қаробоев, 17) — нашриётест дар шаҳри Душанбе.

Ирфон
Кишвар  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон
Таъсисёбӣ 1964
Нишонӣ хиёбони Неъмат Қаробоев, 17, Душанбе, Тоҷикистон
Сармуҳаррир Қурбон Ғуломзода

Таърих

вироиш

Муассиса бо қарори Раёсати Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 1925 бо номи Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1964 «Ирфон» ва соли 2000-ум Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604 дар сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаҳои сохтори Вазорат дохил гардида, мақоми идоравии он маҳсуб меёбад.

Мудири аввалин Абулқосим Лоҳутӣ буд ва ба корҳои эҷодии нашриёт Садриддин Айнӣ роҳбарӣ мекард. То ибтидои солҳои 60 асри 20 ягона нашриёти серсоҳа буд, ки дар он тамоми китобҳо — аз китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ то китобҳои сиёсӣ ва илмию оммавӣ чоп мешуданд. Солҳои 20-30 асри 20 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ходимони машҳури илму адаби ҷумҳурии ҷавон кор карданд. Дар «Ирфон» солҳои зиёд С. Ализода, А. Деҳотӣ, Раҳим Ҳошим, Пайрав, Ҳаким Карим, Суҳайлӣ, М. Раҳимӣ, М. Миршакар, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Б. Раҳимзода, Ф. Муҳаммадиев, Қутбӣ Киром ва дигарон ба ҳайси муҳаррир фаъолият намудаанд. Соли 1926 Нашриёти давлатии Тоҷикистон 8 (бо теъдоди 15 ҳазор нусха) ва соли 1962—688 унвон китоб (бо теъдоди 4 млн 289 ҳазор нусха) аз чоп баровардааст. Аз соли 1926 то 2014 тақрибан 15350 унвон китобу дастур (ба миқдори 150,5 млн нусха) нашр шудааст. Маводди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, матнҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, албоми «Тоҷикистон» (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ), асари безаволи академик Б. Ғафуров «Тоҷикон» (ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва алифбои арабӣ) низ дар «Ирфон» ба табъ расидаанд. Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад, нашри китоби бисёрҷилдии Э. Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (11 ҷилд чоп шудааст) идома дорад. Соли 2007 китоби Қуръон бо тарҷумаи тоҷикӣ, cолҳои 2007 ва 2013 ҷилдҳои 1-2 китоби Б. Марғелонӣ «Ҳидоя» дар «И» ба табъ расид. «Ирфон» бо ордени «Дӯстии халқҳо» (соли 1975), медали тилои сифати Ташкилоти байналмилалии «Бизнес Дайрекшн» (с.2002) сарфароз гардидааст. Ҳамчунин дар намоишгоҳҳо ва озмунҳои байналмилалии китоб фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани дипломҳо ноил гардидааст. Кормандон — 18 нафар. Директор — Н. Ҳасанов (аз соли 2014).

Адабиёт

вироиш