Қурбон Алиев
Қурбон Алиев — олим, доктори илмҳои биологӣ (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (2011).
Қурбон Алиев | |
Таърихи таваллуд: | 1940 |
Зодгоҳ: | Тоҷикистон |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | биология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо: |
Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (2011), | ![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Қурбон Алиев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1962), ихтисос – «биологияи молекулавӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: биологияи молекулавӣ, биохимия, биотехнологияи рустаниҳои кишоварзӣ. Ходими хурд ва калони илмӣ (1967-1972), мудири озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологии (Аз соли 1972) Институти физиология ва биофизикаи рустании Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1996 Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи Академияи илмҳои ҶТ, аз соли 2011 Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои ҶТ. Инчунин, ӯ солҳои охир дар кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мебарад.
Фаъолияти илмӣВироиш
Муаллифи зиёда аз 300 – мақолаҳои илмӣ, 3- китоби дарсӣ, 5 – дастури таълимӣ.[1]
ҶоизаҳоВироиш
- Бо ордени «Шараф» тақдир шудааст (1999).
- Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (2011).
ЭзоҳВироиш
- ↑ Кафедраи физиологияи рустаниҳо ва биотехнология, Қурбон Алиев(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.
АдабиётВироиш
- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |