Қурбон Собир
Қурбон Собир (Қурбон Нусрати Собир; 8 марти соли 1961, деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон) — ҳунарпешаи театру синамо, нависанда, профессор. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011)[1].
| |
Таърихи таваллуд: | 8 март 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ёвон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо |
Зиндагинома
вироишҚурбон Собир 8 марти соли 1961 дар деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Ёвон ба дунё омадааст. Дар соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст.
Хонавода
вироишҚурбон Собир бо Гулчеҳраи Сафар баъд хатми донишкада издивоҷ кард. Онҳо аз замони донишҷӯӣ ҳамдигарро дӯст доштанд ва ҳосили ин муҳаббат издивоҷ ва рӯи қадам омадани чор фарзанд: Мунира, Фаридун, Соро ва Суруш буд. Солҳои аввал Гулчеҳра ҳам вориди саҳна буд ва нақшҳои дилнишин меофарид.
Корнома
вироишПас аз хатми донишгоҳ дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст. Аз соли 1990 назди устодаш Фаррух Қосимов омада ҳунарпешаи Театри Аҳорун шуд. Баъдан дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ва Театри Лоҳутӣ кор кардааст.
Бозӣ дар театр
вироишНақшҳои асосиро дар намоишномаҳои аз лиҳози мӯҳтаво, мундариҷа ва бандубаст комилан тоза — «Юсуфи гумгашта…», «Исфандиёр», «Даҷҷол», «Таърихи ишқ» ва ғайра иҷро намуда, номаш вирди забонҳо гардид. Ин намоишномаҳоро тамошогарон дар Эрон, Туркия ва бисёр давлатҳои Аврупо бо завқ диданд ва ҷоизаҳои зиёд ҳам гирифтаанд. Солҳои охир дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ як силсила нақшҳои хотирмон бозидааст[1].
Филмҳо
вироишФилмҳои «Орзуи иҷронашаванда», «Чашмаи хостаҳо», «Нерӯи ишқ», «Дуо вора», филми бисёрқисматаи телевизионии «Дар орзуи падар», «Дар чашми бод» (филми бисёрқисматаи истеҳсоли Эрон) ва ғайра аз балоғати истеъдодаш шаҳодат медиҳанд.
Таълифот
вироишМуаллифи китобҳои «Фаррухнома» (2007), «Дардҳои паси парда», (2010) ва «Як ҷоми пур аз дард», (2011) мебошад.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Инҳоро бояд шинохт-TojNews Бойгонӣ шудааст 28 марти 2013 сол.