Қурбон Шарипов
Қурбон Шарипов (зод. 5 октябри 1947, деҳаи Шурбой, Самарқанд) — физикдон, номзади илмҳои техникӣ (1981).
Қурбон Шарипов | |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | техника |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1965—1969 донишҷӯи факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1969—1970 лаборанти калони кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1970—1971 афсари Артиши Шӯравӣ, 1971—1975 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1975—1978 аспиранти Институти нафту химияи ш. Бокуи ҶШС Озарбойҷон, 1978—1982 ассистент, 1982—1985 муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе буд. Оид ба тадқиқи эксперементалии вобастагии P — V — T аз коэффисенти часпакии баъзе эфирҳо дар интервали васеи ҳарорат ва фишор кори илмӣ бурда, зиёда аз 10 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ нашр кардааст. Соли 1973 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, 1979 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии ш. Калинини РСФСР, 1983 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон (ш. Боку) буд. Бо раҳматномаҳои донишкадаи омӯзгорӣ сарфароз шудаааст.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |