Қурбон Ҷанобилов (4 ноябри 1946, деҳаи Гезан, ноҳияи Панҷакент — 31 октябри 2001, Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика-математика (1974), дотсент (1982).

Қурбон Ҷанобилов
Қурбон Ҷанобилов
Таърихи таваллуд 4 ноябр 1946(1946-11-04)
Зодгоҳ вилояти Тошкент, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 31 октябр 2001(2001-10-31) (54 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1962—1967 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1967—1968 ассистенти кафедраи физикаи ядроии донишгоҳи мазкур, 1968—1969 афсари Артиши Шӯравӣ, 1969—1970 таҷрибаомӯз-тадқиқотчии кафедраи физика, 1970—1973 аспиранти кафедраи физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1974—1976 ходими калони илмии кафедраи физикаи ядроии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1976—1982 муаллими калон ва и.в. дотсенти кафедраи физикаи Донишкадаи политехники Тоҷикистон буд. Солҳои 1982—1988 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ, 1988—1990 дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, 1990—1998 дотсенти кафедраи физикаи эксперементалӣ, 1999—2000 мудири кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ, соли 2001 мудири қисми таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Ҳамзамон, солҳои 1991—1992 вазифаи муовини декани факултети физикаи донишгоҳи омӯзгориро ба уҳда дошт. Оид ба физикаи ядро тадқиқоти илмӣ бурда, зиёда аз 60 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ ба нашр расонидааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз шудааст.

  • Супоришҳои санҷишӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1990;
  • Маҷмӯи масъалаҳо аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1990.

Пайвандҳо

вироиш