Қутбиддин Мухторӣ (28 ноябри 1970, Панҷакент — 7 феврали 2024, Душанбе) — рӯзноманигор, омӯзгор, доктори илмҳои филология, профессор.

Қутбиддин Мухторӣ
Таърихи таваллуд 28 ноябр 1970(1970-11-28)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 феврал 2024(2024-02-07) (53 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d] (2020)
Алма-матер

Зиндагинома

вироиш

Қутбиддин Мухторӣ 28-уми ноябри соли 1970 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби миёнаи № 19-и зодгоҳашро хатм кардааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) дар соли 1993 мебошад. Инчунин, фориғуттаҳсили курси дусолаи Донишгоҳи Стокголм аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.

Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998 то кунун дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорони ҷавон дарс мегуфт. Марҳум яке аз мутахассисини соҳаи иҷтимоӣ ва блогинг ҳам шинохта шуда буд.

Рисолаи номзадиро соли 2002 ва рисолаи докториро соли 2020 дифоъ кардааст.

Соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ буд. Солҳои 2011—2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ буд.

Аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон буд.

Даргузашт

вироиш

Қутбиддин Мухторӣ шоми 7 феврали 2024 дар 54-солагӣ бар асари беморӣ дар шуъбаи кардиалогияи беморхонаи «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе бдаргузашт[1].

  1. Меҳрофарин Наҷибӣ. Даргузашти профессор Қутбиддин Мухторӣ, устоди ДМТ дар 54-солагӣ. old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (7 феврали 2024). 8 феврали 2024 санҷида шуд.