Қӯшдевор
(Тағйири масир аз Қӯшдевор (деҳа, н. Исфара))
Қӯшдевор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара. Аз Қӯшдевор то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 4 км. Аҳолиаш 3278 нафар (2017). Қушдевор як деҳаи табиаташ зебо ва мардумаш хоксор мебошад, бо деҳаи Устомулло ҳамсарҳад аст ва бо Устомулло оромгоҳи умуми доранд. Мардумаш бо деҳқонӣ машғуланд, хусусан қулфинайпарварӣ мекунанд. Дар замонҳои қадим як қисми аҳолиаш бо мардуми Мастчоҳ риштаи пайвандӣ (хешутаборӣ) доштанд. Қушдевор ду маъно дорад: 1, Маънои деворҳои пайвастро дорад. 2, Дар болои девораш парандаи шоҳинро (қушро) мушоҳида кардаанд.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Исфара |
Ҷамоат | Деҳоти Навгилем |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3278 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3462 |
|
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2