Ҳабиба Қаҳҳорова
Ҳабиба Қаҳҳорова (тав. 5.07.1938, ноҳияи Конибодом), биолог, номзади илмҳои биологӣ (1987), дотсент (1990).
Қаҳҳорова Ҳабиба | |
Таърихи таваллуд | 5 июл 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСолҳои 1955–1960 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1960–1961 лаборанти Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хокшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1961–1964 муаллими кафедраи ботаникаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1964– 1969 муаллими кафедраи ботаникаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1969–1972, 1975–1979 дар сафари хизматӣ дар Афғонистон қарор дошт. Солҳои 1972–1975 ҳамчун муаллимаи калон дар кафедраи ботаникаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастурҳои таълимӣ аст. Доираи корҳои илмӣ ва тадқиқотии ӯро масъалаҳои анатомияи рустаниҳои лубиёӣ ва сабабҳои кушодашавии ғилофакмеваи онҳо дар бар мегиранд. Осор.: Дастури таълимӣ-методӣ аз анатомия ва морфологияи рустаниҳо, Д., 1991, 2009.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |