Ҳабибуллоҳи Калаконӣ

Амири Афғонистон
(Тағйири масир аз Ҳабибуллоҳ Калаконӣ)

Ҳабибуллоҳ Калаконӣ (форсӣ: حبیب‌الله کلکانی‎, Бачаи Сақо; 19 январ 1890/1891 — 2 ноябри 1929) — амир, пешвои шӯришиён, нахустин тоҷик, ки дар оғози садаи XX ба тахти шоҳӣ дар Афғонистон нишастааст.

Ҳабибуллоҳи Калаконӣ
форсӣ: حبیب الله کلکانی
17 январ — 13 октябри 1929
Пешгузашта Иноятуллоҳхон
Ҷонишин Муҳаммад Нодиршоҳ
Таваллуд 19 январ 1890(1890-01-19)[1]
Даргузашт 2 ноябр 1929(1929-11-02) (39 сол) ё 17 октябр 1929(1929-10-17)[2] (39 сол)
Эътиқод ислом ва суннӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ 19 январи соли 1890 дар деҳаи Калакон, чилкилометрии шимоли Кобул, ки бо номи Кӯҳдоман ёд мешавад, дар оилаи деҳқони ангурпарвари тоҷик ба дунё омад. Давраи ҷавонии Ҳабибуллоҳхон дар деҳа сипарӣ шуда, бо маълумоти нопурраи мадраса иктифо менамояд. Барои таъмини маишати зиндагӣ дар бозорҳо ангур мефурӯхт ва машкобӣ мекард. Падараш ҳам ин пешаро дошт. Мегӯяанд, ки падараш Имомуддини деҳқон аз рустоиён буда, ки ҳирфаи обрасонӣ дошта ва дар маҳофилӣ қавми ба меҳмонон об медод, ва аз ҳамин ҷиҳат аст, ки ӯро Саққо меноманд[3].

Ҳабибуллоҳхон дар 29-солагӣ ба хидмати аскарӣ рафт ва орзу дошт, ки афсари артиш бошад. Шахси далеру нотарс буд ва шуҷоати фавқулоддае дошт. Вай дар ҷанги сеюми зидди Британия, соли 1919 таҳти роҳбарии генерал Нодирхон ширкат варзида, диловарона меҷангад. Аслан, он вақт афғонҳо чун мусулмони мутаддайин алайҳи аҷнабӣ дар набард буданд. Дар он айём пирӯзии Артиши сурх дар Бухоро ва ғалабаи инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна мусулмонони Афғонистонро сахт ба ташвиш оварда буд. Фирори Олимхон ба Афғонистон як ҳаракати аксулинқилобиро алайҳи Шӯравӣ дар ин кишвар тавлид кард[4].

Ба даст овардани қудрат

вироиш

Чун иқдомоти ислоҳии Амонуллошоҳ бо тундравиҳои ҳамроҳ буд ва бо рӯҳияи мардуми элнишин ва суннатии мардуми Афғонистон созгорӣ надошт, ба шӯриш қабоил, мухолифати рӯҳонёну мардум ва саранҷом суқути ӯ анҷомид. Дар ин миён Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки як сарбози маъмулии дар артиши Амонуллошоҳ буд, амалкардҳои Амонуллоҳхонро муғоири суннатҳо ва арзишҳои мардумӣ дониста ва бо пуштибонии уламо ва раҳбарони нақшбандия, ки нуфузи бисёр доштанд, даст ба шӯриш зада ва дар Калакон худро фармонравои Афғонистон хонд ва бо қувваи худ рӯй ба Кобул ниҳод. Аз ин рӯ, Амонуллоҳ аз мавзеъҳои худ даст бардошт ва ислоҳотро мутаваққиф кард. Амонуллоҳхон барои аввалин бор дар таърих кишвар занашро бо либоси ғайримаъмул ба сабки Аврупоӣ рӯи саҳна овард ва аз мардум хост то он шеваро ба унвони улгу бипазиранд. Аммо бо вокунишҳои мардумӣ мувоҷеҳ шуд.

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ба ҳайси пешвои мардуми Шимоли Афғонистон бо роҳандозии як қиёми пуршӯри мардумӣ 17 январи соли 1929 шоҳ Амонуллоҳхонро аз тахт дур сохт. Ҳаракате, ки Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ онро сарварӣ кард, сотсиалистӣ набуд, балки он алайҳи наҳзати ислоҳотталабонаи шоҳ ва зулму ситами ҳукумат маҳсуб меёфт. Сарвари ин қиём Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, бо вуҷуде ки чанд соле дар мадраса хонда буд, аз сиёсати бузург дур ва таҷрибаи давлатдорӣ надошт. Баромади иҷтимоии вай чун шоҳи оянда барои тамоми сокинони Афғонистон, ки дар зулмоту торикии асримиёнагӣ ба сар мебурданд ва кишварро ҷомеаи қавмӣ идора мекард, аз ҳар нигоҳ нақши муҳим мебозид.

Амир Ҳабибуллоҳхон, ки худро «Ходими дини Расулуллоҳ» мегуфт, бар ислоҳоти ғарбгароёнаи Амонуллоҳ хатти бутлон кашид. Қавонини мусавваб бавежа қонуни асосиро лағв сохт ва молиёт ва аворизро ғайришаръӣ хонд ва ҳамаро барчид. Дар оғози кор бештар мардум ба умеди идораи беҳтар ва исломитари кишвар аз Ҳабиболлоҳ ба хубӣ истиқбол карданд, аммо мушкилоти иқтисодӣ ва амнияти кишвар ба тадриҷ боис ошуфтагии авзоъ шуд.

Дар ин вақт генерал Муҳаммад Нодирхон, вазири ҷанги пешин, ки аз вазири мухтор дар Франса истеъфо карда буд ва дар шаҳри Нис зиндагӣ мекард, ба кумаки бародаронаш, гӯё пас аз музокира бо англисҳо дар Ҳинд, қасди Кобул кард ва саранҷом ба кумаки қабоил, махсусан афроди ду қабилаи ҷоҷӣ ва вазирӣ 13 октябри 1929 худро ба онҷо расонид ва шаҳрро дар ихтиёр гирифт.

Баъди тақрибан даҳ моҳи ҳукумат, тирамоҳи соли 1929, вақте амири нави Афғонистон, Нодиршоҳ, ки бо ёрии Бритониё ва Русия, қудратро ба даст оварда буд, Ҳабибуллоҳхон ва ёрони ӯро ба қатл расонд, аммо иҷоза надод, ки бино бар ойини мусалмонӣ дафн карда шаванд[5].

Намози ҷанозаи Амир Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, баъди 86 соли қатлаш аз тарафи Нодиршоҳ дар масҷиди Идгоҳи Кобул хонда ва дубора ба хок супурда шуд.

Қарори бахоксупории дубораи Амир Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ рӯзи 31 августи соли 2016 аз тарафи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон, содир шуда, маросими дафни ӯ рӯзи якуми сентябр баргузор гардид. Олим Сурурӣ, узви комиссияи бахоксупории Амир Ҳабибуллоҳхон гуфт, «ин як рӯзи таърихӣ, рисолати виҷдонӣ ва динӣ аст». Узви дигари комиссия дар суҳбат бо шабакаи «Митронюз» гуфтааст, бахоксупории ҷанозаи Амир Ҳабибуллоҳхон танҳо дафни ӯ нест, «балки дафни кинаву кудурати қавмӣ дар Афғонистон ҳаст»[6].

  1. Deutsche Nationalbibliothek Record #11921203X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  2. Library of Congress Authorities (ингл.)Library of Congress.
  3. بچه سقا(форсӣ). Донишномаи ҷаҳони ислом.
  4. Бурҳон Салмонов. Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ. РӮЗГОР. www.ruzgor.tj. 28 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 августи 2017.
  5. Халилуллоҳи Халилӣ дар бораи Ҳабибуллоҳхон. Тобути оташин. Салими Аюбзод (1 сентябри 2016). 28 июли 2017 санҷида шуд.
  6. Тирандозӣ дар маросими хоксупории Амир Ҳабибуллоҳхон. АКС. Радиои Озодӣ. 28 июли 2017 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Все монархи мира. Мусульманский Восток. XV—XX вв. — М.: Вече, 2004. — 544 с.
  • 100 великих монархов/ К. В. Рыжов — М.: Вече, 2008. — 480 с.
  • Камолудин Абдуллаев История в лицах. Бачаи Сако — удалец из Хорасана
  • Файз Мухаммад. Книга упоминаний о мятеже. М.: Наука, 1988.
  • Naby, Eden, Magnus, Ralph H. Afghanistan. Mullah, Marx, and Mujahid. Colorado & Oxford: Westview Press, 2002
  • Macmunn, George, Afghanistan from Darius to Amanullah, London: G. Bell & Sons LTD, 1929

Пайвандҳо

вироиш