Ҳадиса Қурбонова (зод. 17 феврал 1940) — шоир ва нависанда, узви Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969) ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1978) мебошад. Шоираи халқии Тоҷикистон.

Ҳадиса
Ҳадиса Қурбонова
Таърихи таваллуд: 17 феврал 1940(1940-02-17) (84 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Шураки Сарихосор ноҳияи Балҷувон, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Жанр: шоира, нависанда, драматург ва тарҷумон
Забони осор: забони тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Ҳадиса Қурбонова 17 феврали соли 1940 дар деҳаи Шураки Сарихосори вилояти Хатлон дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст. Қисмат Ҳадисаро, ки аз падару модар ятим монда буд ба хонаи ятимони Сарихосор меорад. Ёдҳо, орзуҳо, ормонҳо ва билохира дилбастагӣ ба адабиёт Ҳадисаро соли 1958 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оварду соли 1963 онро бо сари баланд ба итмом расонид. Дар нашриёти «Ирфон» дар шуъбаи адабиёти бачаҳо ба кор шурӯъ намуда, масъулияти баланд ва чашмикордонӣ ин бонуи ҳунарро зина ба зина боло мебарад. Аз соли 1967 то соли 1969 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», аз соли 1969 то 1973 дар Кумитаи давлатии назди Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст. Аз соли 1973 то соли 1988 дар нашриёти «Адиб» фаъолияти босамар дошт.[1]


Эҷодиёт вироиш

Меҳру муҳаббати шеър гуфтан дар ниҳоди Ҳадиса Қурбонова ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ва донишҷӯӣи пайдо гашта, рӯз то рӯз такмил меёфт. Аз овони мактабхонӣ ба шеъргӯйӣ пардохта, муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), "Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғ. мебошад. Силсилаи очеркҳояш дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Аз пайроҳа то шоҳроҳ» (1976), «Боғҳои шаҳдрез» (1983), «Теғи одамкуш» (Маскав, 2008), «Мазҳари Хуршед» (дар ду ҷилд, 2013) ба табъ расидаанд. Дар соҳаи драматургия низ қувва озмуда, соли 1973 намоишномаи «Мӯниса»-ро навиштааст, ки аз ҳаёти кӯдакони ятимхонаи Балҷувон ҳикоят мекунад ва дар Театри драмавии вилояти Хатлон ба саҳна гузошта шудааст. Намоишномаи «Машъали ҷовид» аз корномаи Талбак Лолаев, ки баҳри ҳифзи ғаллазор ҷон нисор карда буд, ҳикоя мекунад. Драмаҳои «Дуроҳа» (дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ), «Зиндагӣ» ва «Савти нотамом» маҳсули қалами ӯстанд. Ҳамчунин, ба тарҷумаи бадеӣ сарукор дошта, навиштаҷоти А. Белевич «Дарду ғами Хатин», китоби шеърҳои С. Мавлонов «Арчаи сурх», шеърҳои алоҳидаи Махдумқулӣ, С. Капутикян, шоираҳои ӯзбек Зулфия ва Гулчеҳра, ҳикояҳо дар бораи Сухэ-Батор ва шеърҳои алоҳидаи шоирони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст. Шеърҳои алоҳидаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инчунин дар Афғонистон, Эрон, Чехославакия, Арабистон ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.[1]

Мукофот ва ҷозаҳо вироиш

Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Соли 2003 барои китоби «Лоиқ намеояд дигар» ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф шудааст. Дорандаи нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Нишони «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.[1]

Чакидаи шеърҳо вироиш

Бигӯ, ки модарамро дидаӣ ту?

Ту орӣ дасти ларзонро ба сӯям,
Нигаҳ созӣ ба чашму рӯю мӯям.
Фидо гардам ба ожанги ҷабинат,
Ба қалби дар бузургӣ чун заминат.
Ба тори мӯйҳои сап-сафедат,
Ба чашми боумеду ноумедат.
Ҳамехоҳӣ, ки сози пурсупосам,
Магар, эй пиразан бар ту шиносам?
Бигӯ, ки модарамро дидаӣ ту?
Ягон ҳарфе аз ӯ бишнидаӣ ту?
Садои аллагӯиҳои модар
Диҳад акси садо аз кӯҳи кишвар.
Вале бар ёди ман не рӯи ӯ монд,
На мавзун қомату не бӯи ӯ монд.
Бар чашмам ҳар гули зебои олам,
Чу модар менамояд поку хуррам.

[2]

Домоди Самарқандӣ

Замини ман, ки то марзи Бухорову Самарқанд аст,
Аз ин рӯ аз Самарқандам ба худ ман Шоҳ овардам,
Забони Рӯдакӣ андар забонаш нарму оташбор,
Бароям мӯнису дилдори дилогоҳ овардам.
Ба китфаш ҷомаи зарбофт,
Ба сар тоҷе чу Исмоили Сомонӣ,
Ба дасташ Ҷоми Ҷам, гӯӣ, ки аз даврони Ҷамшед аст,
Ба дасти дигараш килк аст аз Монӣ.
Худоё, ӯ расид андар канорам ончунон шоде,
Бигуфто: «Деҳ ту дастат, духтари зебои Хатлонӣ,
Арӯси ман бишав, то дар ҷаҳони ишқу армонҳо,
Наҷӯям ғайри ту дигар бароям дилбари ҷонӣ».
Ман охир тоҷику худ ҳамзабону ҳамдами тоҷик,
Ҳама Балху Бухорову Самарканд ин замини марзи аждодӣ,
Агар марзат бибурдандӣ ба яғмо, оҳ марзат ман,
Манам аз он замине, ки бирафт аз даст чун боде.
Биё, бо ман биомезу ҳама ғамҳо фаромӯш кун,
Ки кайҳо рафта он марзи Бухорову Самарқандат,
Чи ҷӯй бингар, акнун сарбасар гулдӯзии тоҷик,
Ман он ошиқ, ки аз марзи Самарқанд аст дар бандат.

Апрели 1992

Осор вироиш

  • 1. Паймон: Шеърҳо.- Душанбе: Ирфон, 1972.- 64 с.
  • 2. Аз нимароҳ то шоҳроҳ. — Душанбе: Ирфон, 1976.-64 с.
  • 3. Шукрона. -Душанбе: Ирфон, 1980.- 224 с.
  • 4. Нури октябр: Шеърҳо.- Душанбе: Маориф, 1981.- 24 с.
  • 5. Боғҳои шаҳдрез. — Душанбе: Ирфон, 1983.- 40 с.
  • 6. Сомон.-Душанбе: Ирфон,1984.- 224 с.
  • 7. Даргоҳи офтоб: Маҷмӯа. — Душанбе: Ирфон, 1986.- 224 с.
  • 8. Дунёи ҷавонӣ: Шеърҳо.- Душанбе: Адиб, 1987.- 144 с.
  • 9. Эҳсон: Маҷмӯаи шеърҳо.-Душанбе: Адиб, 1988.- 80 с.
  • 10. Арғувон. — Душанбе: Адиб, 1991.- 288 с.
  • 11. Гулафшон: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 2000.- 176 с.
  • 12. Мадина.-Душанбе: Адиб, 2003.- 47с.
  • 13. Хатлон: Достон.- Душанбе: Эҷод, 2009.-292 с.
  • 14. Соҳати дил: Маҷмӯаи ашъор.- Душанбе: Адиб, 2010.-288 с.
  • 15. «Ҳилолӣ», «Меҳвари ишқ» : Достон¬ҳо. — Душанбе: Адиб, 2012.-288 с.
  • 16. Сарир: Девон.Ҷилди 1. — Душанбе: Адиб, 2013.-780 с.
  • 17. Сарир: Девон.Ҷилди 2. — Душанбе: Адиб, 2013.-748 с.[3]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Ҳадиса Қурбонова(тоҷ.). www.navisandagan.tj. 18 августи 2020 санҷида шуд.
  2. Ҳадиса Қурбонова. Соҳати дил: Маҷмӯаи ашъор.- Душанбе: Адиб, 2010. — 288 с.
  3. Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе, 2013. — C. 54