Ҳаитноз Бобогулова

Ҳаитноз Бобогулова (1921, деҳаи Бештемири ноҳияи Шаҳритус — ҳамон ҷо) — пахтакор. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи ҶШС Тоҷикистон (1957).

Ҳаитноз Бобогулова
Таърихи таваллуд 1921(1921)
Зодгоҳ деҳаи Бештемир, ноҳияи Шаҳритӯс
Таърихи даргузашт на пештар аз 1980
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Фаъолият вироиш

Солҳои 1936—1959 колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози «Меҳнат-роҳат»-и ноҳияи Шаҳритус буд. Аз соли 1959 нафақагири шахсӣ. Бригадаи Ҳаитноз Бобогулова ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах рӯёндааст.

Ордену медалҳо вироиш

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо сарфароз гардидааст.

Сарчашма вироиш