Ноҳияи Шаҳритӯс
Ноҳияи Шаҳритӯс | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Хатлон |
Марказ: | Шаҳритӯс |
Замони таъсис : | 29 августи 1930 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 2380 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 5 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 135,7 ҳаз. кас[1] |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | ST |
Код ISO : | TJ.KT.ST |
Пешшумора : | +992 3240 |
Нишонии почта : | 735180 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Шаҳритӯс (то 2021 — ноҳияи Шаҳритуз[2]; форсӣ: ناحیۀ شهرتوس) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[3] ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд[4].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳритӯс (форсӣ: شهرتوس) аст, ки дар канори рӯди Кофарниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 112 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Бохтар ҷой дорад. Аз Шаҳритӯс то Душанбе 230 км роҳ аст.
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Шаҳритӯс бо сарзамине 2380 км² дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарё, дар шарқ — бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб — бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст. Дар ҳудуди ноҳия водии Бешкент ҷойгир аст, дарозиаш 70 км, бараш то 5 км. ва яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист. Дар ҷануби он аз оби Чилучорчашма тақр. 1000 га замин обёрӣ мешавад.
Таърих
вироишНиёгони маҳал дар дараи рӯди Кофарниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5]. Дар сарзамини Шаҳритӯс осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст[6]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳои Хоҷа Машҳад (асрҳои XI-XII), Мақбараи Хоҷа Дурбод (асрҳои XI- XII), ёдгории таърихӣ - табии Чилучорчашма ва Тиллоҳалоҷӣ аст. Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритӯс дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 Шаҳритуз бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қурғонтеппа гардид.
Дар соли 2021 ҳарфи 'з' дар номи ноҳия ба 'с' иваз шуда, номи Шаҳритусро гирифт[2].
Номгузорӣ
вироишБино бар ривояте, Шаҳритӯсро паҳлавони ҳамосӣ ва бостонӣ Тӯс писари Нӯзар бунёд гузошта аст.
Мардум
вироишБино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 117,4 ҳаз. тан бошанда доштааст.[7]. Мардуми ноҳияи Шаҳритус ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
132,7 | 135,7 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шаҳритӯс 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[7] дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳритӯс [8]. | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ, 2015 | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Шаҳритӯс, шаҳрак | 15 800 | ||||||||||
Обшорон | 8 648 | ||||||||||
Пахтаобод | 21 270 | ||||||||||
Талбак Садриддинов | 15 858 | ||||||||||
Худойназар Холматов | 31 654 | ||||||||||
Ҷӯра Назаров | 17 808 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Шаҳритӯс Раиси Ҳукумати он аст, ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳритӯс Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳритӯс барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисодиёт
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Омӯзишу парвариш
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Адабиёт
вироиш- Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
- Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ 2.0 2.1 Sputnik Тоҷикистон. С ба ҷои З: парлумон номи як ноҳияи Тоҷикистонро тағйир дод(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20210125T1540+0500). 14 сентябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Шаартузский район
- ↑ СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ. 5 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июли 2010.
- ↑ Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л., — с. 252; 292
- ↑ Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958. — с. 12
- ↑ 7.0 7.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.