Ҳайдýкҳо (маҷорӣ: hajdúk – пиёдагард) — ширкатдорони муборизаи мусаллаҳонаи славянҳои ҷанубӣ, малдовӣ ва ғайра, ки дар асрҳои 15–19 зидди истибдоди туркҳои усмонӣ мубориза мебурданд. Дар ибтидо чӯпонҳои маҷориро ҳайдук ном мебурданд. Баъдан истилоҳи мазкур нисбат ба сербҳо, валахҳо ва ғайра, ки зери зулми туркҳо заминҳояшонро тарк карда, муборизаро бар зидди фотеҳони турк аз ҷангалзорҳо оғоз карда буданд, истифода бурда мешуд.

Ҳайдук Илйо Воевода. Акси Анастас Карастоянов, Белград, соли 1867.

Сарчашма

вироиш