Ҳакими Тирмизӣ
Алии Тирмизӣ, Ҳакими Тирмизӣ (ар. الحكيم الترمذي; 820[1], Тирмиз — 905 ё 910, Тирмиз) — шоир, фақеҳ, муҳаддис ва орифи хуросонӣ, яке аз нависандагони бузурги мутақаддими тасаввуф.
Таърихи таваллуд: | 820[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 905 ё 910 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | илоҳиётшинос |
Забони осор: | арабӣ[2] |
Зиндагинома
вироишФаридуддини Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё» Алии Тирмизиро чун шахси донишманду хушфазилат ва «дар фунуну улум комил» тавсиф намудааст. Ба шарофати фазлу дониш унвони «Ҳакимулавлиё» гирифта буд. Алии Тирмизӣ ба сабки рубоиёти халқӣ рубоиҳо эҷод кардааст. Азбаски рубоиёти аксар шоирони мутасаввиф ба ҳамин сабк аст, рубоиёти Алии Тирмизӣ ҳам бо ашъори шоирони дигар омехта шудаанд ва аз онҳо рубоиёти ба ӯ тааллуқдоштаро ҷудо кардан душвор аст. Ба қалами Алии Тирмизӣ инчунин рисолаҳои динию ирфонӣ тааллуқ доранд. Рисолаҳои мазкур шомили пораҳоеанд, ки ақидаҳову андешаҳои пандуахлоқӣ, андарзиву ҳакимонаро дар бар мегиранд. Дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии ӯзбекистон мақбараи Алии Тирмизӣ барҷост, ки чун ёдгории таърихӣ дар муҳофизати давлат аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 http://www.ibnarabisociety.org/articles/hakimtirmidhi.html
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
вироиш- Алии Тирмизӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.