Ҳакимҷон Аҳмадов
Ҳакимҷон Аҳмадов (Аҳмадов Ҳакимҷон Мунавварович; (тав. 8.6.1948, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — кимиёдон, доктори илмҳои кимиё (1998) — академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008).
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети химияи УДТ (1971). Лаборанти калони Озмоишгоҳи проблемавии радиохимияи УДТ (1971-72) — х. и.-и Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон (1972-90) — котиби илмии Шуъбаи илмҳои физикаву риёзиёт, кимиё ва геологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-95) — муовини саркотиби илмӣ (1995—2001) ва саркотиби илмии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2002). Аҳмадов оид ба полимерҳо ва хосияти онҳо, усулҳои табдили нерӯйи Офтоб, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия як силсила таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи 200 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 5 китоб ва 25 ихтироот мебошад.
Осор
вироиш- Солнечная энергетика. Состояние, возможности использования и перспективы развития. Д., 2007;
- Имконияти истеҳсол ва истифодаи гази биологӣ дар Тоҷикистон. Д., 2008;
- Малая гидроэнергетика Таджикистана. Д., 2010;
- Микрогидроэнергетика. Д., 2010.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.