Ноҳияи Ваҳдат
Ноҳияи Ваҳдат — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 17 сентябри соли 1927 таъсис ёфтааст; то апрели 1936 ноҳияи Янгибозор, то 25.12.1991 ноҳияи Орҷоникидзеобод, то 07.04.2003 ноҳияи Кофарниҳон ном дошт. Аз 07.04.2003 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ваҳдат номгузорӣ шуд.[3]
Ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ | |
Ноҳият Ваҳдат | |
38°33′11″ с. ш. 69°01′11″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 1 шаҳр, 1 ҷамоати шаҳрак, 10 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Ваҳдат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 14 сентябри соли 1927 |
Масоҳат | 3987,29 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 359 800[2] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо, русҳо |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | KR |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.RR.KR |
Коди телефон | +992 3136 |
Нишонаи почта | 737450 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мавқеи ҷуғрофӣ
вироишАз ҷануб бо ноҳияҳои Ёвону Норак, аз шимол бо ноҳияи Айнӣ, аз шарқ бо ноҳияҳои Файзободу Нуробод, аз ғарб бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад аст. Аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 15 км. Масоҳаташ 3,7 ҳазор км².
Аҳолӣ
вироишАҳолиаш 300,4 ҳазор нафар (2013). Зичии аҳолӣ дар 1 км² – 81,2 нафар. Бисёре аз паноҳҷӯёни афғон дар ин шаҳр қарор доранд.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
303 | ↗309,9 | ↗336,9 | ↗342,7 |
Мавқеи табиӣ
вироишҲудуди шаҳр асосан дар болооби дарёи Кофарниҳон, ки нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор ва шимоли қаторкӯҳи Қаротегинро дар бар мегирад, ҷой гирифтааст. Сарҳадди ҷанубиаш то кӯҳҳои Рангону Қаратоғ, обанбори Норак ва ғарбиаш то канори шарқии водии Ҳисор кашол меёбад. Релйефаш асосан кӯҳист. Баландии мутлақ дар водии Кофарниҳон 800 м буда, дар қаторкӯҳи Қаротегин то ба 3925м ва қаторкӯҳи Ҳисор ба 4176 м мерасад. Қисми баландкӯҳи Ваҳдат то резишгоҳи дарёҳо доман паҳн кардааст. Табиат ва иқлими Ваҳдат барои сайёҳӣ мувофиқ буда, дар ҳудудаш мавзеъҳои сайёҳӣ бисёранд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри 2000 дараи Ромити Ваҳдат минтақаи истироҳат ва сайёҳии Тоҷикистон эълон шуд.
Тақсимоти марзию маъмурӣ
вироишВаҳдат дорои 10 ҷамоати деҳоти Баҳор, ба номи Абдулло Абдулвосиев (собиқ Кофарниҳон), ба номи Раҷаб Исмоилов (собиқ Худойқул), ба номи Карим Исмоилов (собиқ Эскигузар ва Дӯстӣ), ба номи Бозорбой Бурунов (собиқ Янгибозор), Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ (собиқ Туғмазор), Чӯянгарон, Гулистон (собиқ Қаросу) ва ҷамоати шаҳрак (ба номи Нӯъмон Розиқ) мебошад.[4]
Мақомоти иҷроия
вироишСарвари шаҳри Ваҳдат Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ваҳдат - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ваҳдат ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Таърих
вироишКофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) таърихи 1500-сола дошта, ба ҳайати давлати Чағониён тааллуқ доштааст. Дар асрҳои 6–7 водии Кофарниҳон, ки Ваҳдат низ вобастаи он буд, дар ҳайати давлати Кушониён ва Ҳайтолиён буд. Дар асрҳои 9–10 ин мавзеъ ба ихтиёри давлати Сомониён гузашт. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар деҳаҳои Ваҳдат Қалъаи Шодмон (Симиганҷ), Қалъаи Ромит (Ромит), Чилтан (Чиртак), Андигон, марқади Холбойқара, Дашти Бед (ҷамоати деҳоти Абдулвосиев), Кӯҳи Ширбибӣ ва Қалъаи Тоҳир (ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов) кашф шудаанд. Дар маъхазҳои таърихӣ («Авесто»,«Ҳудуду-л-олам») оид ба шаҳрҳои Андигон ва Кофиёни водии Кофарниҳон, ки мавҷудияташон ба асрҳои 3–7 рост меояд, маълумот дода шудааст.
Сарватҳои табиӣ
вироишСарватҳои зеризаминии Ваҳдат ангиштсанг (кони ангишти Сайёд), гази сӯзанда, флюорит, сангҳои ороишӣ ва масолеҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал) мебошанд. Чашмаҳои маъдании обҳои гарму шифобахш ва хунук дорад.
Иқлим
вироишИқлими Ваҳдат вобаста ба баландӣ тағйир меёбад: то баландии 1500 м – тобистон гарм, зимистонаш начандон хунук (ҳарорати миёнаи июл 20–25ºС, январ аз 0 то –5ºС; бориши солона 700–900 мм); дар баландиҳои 1500–3000 м тобистон салқин, зимистон хунук (ҳарорати миёнаи июл 10–20ºС, январ аз –5 то –15ºС аст; бориши солона 900–1200 мм); аз 3000 м боло иқлими хунук ҳукмфармост (ҳарорати миёнаи июл аз 10ºС пасттар). Миқдори бориши солона 700–900 мм. Ваҳдат дарёи бисёр дорад. Калонтарин дарёҳо Кофарниҳон ва шохоби он Элок ба шумор мераванд. Дарёи Кофарниҳон аз ғарби шаҳр ҷорӣ гашта, онро дарёчаи кӯҳии Ромит ва дигар дарёчаву чашмаҳои сершумор, ки аз пиряхҳои бузург маҷро мегиранд, сероб гардондаанд. Хоки водӣ ва доманакӯҳҳо хокистарранги муқаррарӣ, хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо – ҷигарранг.
Наботот
вироишНишебии кӯҳҳоро то баландии 2000 м (минтақаи даштҳои кӯҳӣ) алафзору буттазорҳо (бештар буттаҳои хордор), набототи даштӣ – гиёҳҳо ( гандумак, чағаз, типчак, чатргулҳо, лӯбиёиҳо, шибоғ, талха, тахач, коснӣ, ширинбӯя, субинак, ҷамилак, кокутӣ, пудина, ниёзбӯ, пиёзи кӯҳӣ, шулха, газарак, ғармаш (гули хайрӣ), чойкаҳак, раҳдавак, гӯсфандхорак, сафедхорак, сипанд, зира, чукрӣ, торон, чоқла, ров, рошак, карафшак, сири кӯҳӣ, пиёзи анзур, янтоқ) ва дар баландиҳои 2000–3000 м (минтақаи бешадаштҳои кӯҳӣ)-ро алафзор, бешаҳои сираки арча, фарқ, заранг, юған, мушол ва аз 3000 м баландтарро марғзорҳои субалпию алпӣ фаро гирифтаанд. Дар Ромит ва дараҳои Сорбо, Сардаи Миёна, Ёс, Мағов ва ғайра чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, себ, гелос, талхакбодом, санҷид, ноки худрӯй, чинор, бед, туғ, буттаҳои настаран, ангат, зирк ва ғайра бисёранд. Заминҳои корам асосан дар водиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ гаштаанд.
Ҳайвонот
вироишОлами ҳайвоноташ низ гуногун аст. Аз сумдорҳо нахчир, муфлон, гуроз, аз дарандаҳо хирс, паланг, гург, шағол, рӯбоҳ, қоқум, савсор, вашақ, қашқалдоқ, аз хояндаҳо суғур, заргӯш, ҷайра, хорпушт, мири мушон, кӯрмуш, аз хазандаҳо калтакалос ва ҳар гуна морҳо (кубро, мори чипор, гурза), аз парандаҳо кабк, мурғи ҳилол, уқоб, мурғи ҳумо, заргулдор, дурроҷ ва ғайра вомехӯранд. Дар дарёҳояш гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ мавҷуданд. Дар ҳавзаи дҳои Сорбою Сардаи Миёна (саргаҳи Кофарниҳон) мамнӯъгоҳи Ромит воқеъ гаштааст, ки дар ин ҷо манзараҳои табиӣ ва баъзе намуди ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳифз карда мешаванд. Дар Ваҳдат моҳипарварӣ равнақ дошта, гулмоҳӣ, амурмоҳии сафед, суфмоҳӣ ва зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд. Соли 2013 дар хоҷагиҳои моҳипарварии Ваҳдат (ҶММ «Форел», ҶСП «Аква–Порс», ҶММ «Зафари Ориф», ҶММ «Ирам–Азия», хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоҷон», «Самадов», «Фозилов», «Расулов Мустафо») 23,3 т моҳӣ истеҳсол шудааст.
Роҳҳо
вироишВаҳдат бо шаҳри Душанбе тариқи роҳи автомобилгард мепайвандад. Роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол, Душанбе – Норак – Кӯлоб – Хоруғ аз Ваҳдат мегузаранд.
Кишоварзӣ
вироишСоҳаи асосии хоҷагии Ваҳдат кишоварзӣ буда, пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва замбӯрпарварӣ ривоҷ ёфтааст. Ваҳдат 3973 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 39 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, аз ҷумла, 10 хоҷагии ёрирасони ташкилотҳо дорад. Тамоми заминҳои кишоварзии Ваҳдат 141 858 га (2013), аз он 12078 га заминҳои обӣ, 13906 га заминҳои корам (аз он 10349 га заминҳои обӣ), 123786 га чарогоҳ, 959 га заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, 956 га замини кишти пахта, 112 га кишти дигар зироатҳои техникӣ, 20 га сабзавоти тухмӣ, 213 га барои полезиҳо, 10290 га ғалладона, 1360 га кишти картошка, 2538 га кишти сабзавот, 1027 га зағир, 3871 га дарахтони бисёрсола, аз ҷумла, 2124 га боғот, 1415 га токзор, 313 га тутзор, 19 га дарахтони субтропикӣ, 1061 га зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Соли 2013 дар Ваҳдат 39268 т ғалладона, 980 т зағир, 36666 т картошка, 9979 т мева, 7938 т ангур, 76683 т сабзавот, 1828 т полезӣ, 1015 т пахта, 260 т дигар зироатҳои техникӣ, 62063 т зироати хӯроки чорво, 4748 т гӯшт (бо вазни зинда), 23,3 т моҳӣ, 14203 т шир, 25208 ҳазор дона тухм, 30,4 т пила, 106,1 т асал, 50,4 т пашм истеҳсол шуд. Саршумори чорво – 77807 сар гов, 135896 сар гӯсфанду буз, 1095 сар асп, 403340 сар паранда, 14331 оилаи занбӯри асал.
Иқтисод
вироишДар ҳудуди ноҳия 190 муассисаву ташкилоти буҷавӣ, 229 ҷамъияти саҳомии масъулияташон гуногун, 6 филиали бонк, 50 корхонаҳои хурди хусусӣ ва ширкату ҷамъиятҳо, 42 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, 1 корхонаи истеҳсоли ангишт, 3 корхонаи масолеҳи бинокорӣ, 3 корхонаи орд, саноати коркарди пахта, 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 26 ташкилоти сохтмонӣ, 6 муассисаи нақлиёт фаъолият доранд. Дар Ваҳдат 67 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла шуъбаи фарҳанг, 11 хонаи маданият, 8 клуб, 1 қасри фарҳанг, 2 толори кино, 47 китобхона, 2 мактаби рассомӣ ва мусиқӣ мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 243 нафар корманд фаъолият дорад. Инчунин дар Ваҳдат шуъбаи маориф, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи молия, шуъбаи омор, фонди нафақа, нозироти андоз, ҳифзи иҷтимоӣ, САҲШ, идораи суғурта, бойгонӣ, идораи оташнишонӣ, амволи давлатӣ, ҳифзи табиат, идораи захираҳои замин, идораи коммуналӣ, идораи зидди касалиҳои ҳайвонот, Бонки аграрӣ, Бонки амонатгузорӣ, Ҷамъияти матлуботи ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, хоҷагии ҷангал, мактаби варзиш, Ташкилоти давлатии сохтмон ва таъмири роҳ, КВД сохтмон ва нақлиёт, комбинати таълимӣ, мактаби санъат, 22 шуъбаи алоқаи почтавӣ, бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком», 1722 нуқтаи радио, 11 муассисаи хӯроки умумӣ, 65 нуқтаи савдо, 46 муассисаи хидматрасонӣ ба аҳолӣ мавҷуд аст.
Варзиш
вироишДар Ваҳдат ба варзиш низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Варзишгоҳ, маҷмааи варзишӣ, 153 майдончаи оммавии варзишӣ, 29 толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварӣ ( аз ҷумла 1 ҳавзи шиноварии пӯшида) дорад. Дар Ваҳдат мураббиён, аз ҷумла, 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 4 Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 33 номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 8 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 52 нафар соҳиби унвони дараҷаи якуми варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд.
Маориф
вироишСоли хониши 2013–14 дар шаҳри Ваҳдат 17 муассисаи томактабӣ, Коллеҷи омор, Омӯзишгоҳи тиббӣ, Литсейи касбҳои техникӣ, 147 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 90 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 19 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, Литсейи талабагони лаёқатманди ба номи Балъамӣ, мактаб-гимназияи ба номи Темур Собир, мактаб-интернати «Дӯстӣ», мактаби нобиноён, мактаби шабона, мактаби хусусӣ, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон амал мекард, ки дар он 61076 нафар талабагон таҳсил мекард ва ба онҳо 2960 омӯзгор, 1896 нафар бо маълумоти олӣ, 114 нафар олии нопурра, 688 нафар миёнаи махсус, 262 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ таълим медоданд.
Тандурустӣ
вироишДар Ваҳдат 121 муассисаи тандурустӣ (сохтори госпиталӣ), аз ҷумла беморхонаи марказӣ (бо 16 шуъба), маркази ҷарроҳӣ, 6 беморхонаи минтақавӣ, маркази ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, аз ҷумла, маркази саломатии шаҳрӣ, филиали маркази саломатии шаҳрӣ, 30 маркази саломатии деҳотӣ, 79 бунгоҳи саломатии деҳотӣ, маркази солимии насловарӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявии сил, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази эмгузаронӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ (СПИД), Маркази назорати давлатии беҳдошт (санитарию эпидемиологӣ), Маркази байниноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ, Маркази стоматологӣ, 18 дорухона мавҷуд буда, дар он 336 табиби маълумоти олидор, 956 нафар корманди миёнаи тиббӣ, 543 нафар фаррош ва корманди хоҷагӣ хидмат мерасонанд.
Муассисаҳои динӣ
вироишДар Ваҳдат 159 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 25 масҷиди ҷомеъ, 130 масҷиди панҷвақта ва мадраса, 4 ташкилоти ғайриисломӣ (калисои масеҳиён, калисои Ҳавориёни Нав (новоапостолские), ҷамъияти динии миссионерии «Грейс Сон Мин», маҳфили рӯҳонии маҳаллии «Баҳоиён») амал мекунад.
Рӯзномаҳо
вироишДар Ваҳдат рӯзномаи шаҳрӣ – «Шаҳриёр», маҷаллаи шаҳрии бонувон – «Бахтофарони Ваҳдат», рӯзномаи соҳавии «Шамъи ирфон» фаъолият доранд.
Адибон
вироишШоирон Нӯъмон Розиқ ва Мирзо Файзалӣ зодагони ноҳияи Ваҳдат мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 http://www.stat.tj/ru/img/65a709121baf8a64bf15d33f398aafde_1435736807.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 3. БОЗ - ВИЧКУТ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2014, - с. / М. Неъмонов, Ш. Тошева
- ↑ List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. Jun 7, 2010. 7 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
Адабиёт
вироиш- Дяконов М. М. Маданияти қадимаи тоҷикон. Сталинобод 1959;
- Мухторов А. Аз пайи таърихи куҳан. Д., 1975;
- Литвинский Б. А., Соловьев Ваҳдат С. Раскопки на Калаи Шодмон. Д., 1979;
- Маев Н. А. Материалы для статистики Туркистанского края. СПб. 1979;
- Паганусси Н. По горным тропам. Д., 1983;
- Ғафуров Б. Тоҷикон дар охирҳои асри миёна ва давраи нав. Д., 1983;
- Ғоибов Ғ. Орҷоникидзеобод ё Андигон // Коммуна, 1989;
- Гоибов Г. Ранние походы арабов в Среднюю Азию. Д., 1989;
- Авеста. Избранный гимны/ Пер. с авест. и коммент. профессор И. М. Стеблин-Каменского; предисл. профессор Ваҳдат А. Лившица. Д., 1990;
- Ёқубов Ю. Номи аслии Орҷоникидзеобод чӣ буд //Коммуна. 1990;
- Зайдулло Р. Аз Шумон то Шодмон //Коммуна. 1990;
- Атахонов Т. Бозёфт аз Симиганҷ //Коммуна, 1990;
- Нарзулло Н. Рӯ ба ниёгон //Коммуна. 1990;
- Хотираҳои Амир Олимхон. Д., 1992;
- Ленский Ваҳдат, Ёров А. Аз таърихи Кофарниҳон. Д., 1995;
- Пьянков И. Ваҳдат Средняя Азия в античной географической традиции. М., 1999.
Сарчашма
вироиш- Ваҳдат // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.