Ҳалвогар
Ҳалвогар — шахси таҳиякунандаи ҳалворо миёни мардум ҳалвопаз, ҳалвогар ва дар баъзе ҷойҳо ширинипаз ва қандалотчӣ низ меноманд.
Ҳалвои суннатиро бо тарзи дастӣ тайёр мекунанд. Устоҳои ҳалвогар ин ҳунари анъанавиро бештар дар доираи хонавода ва хешу табор аз насл ба насл интиқол медоданд. Ҳунарманде, ки тарзи таҳия кардани ҳалвои махсусро медонист, маъмулан сирри онро ба шахсони бегона намегуфт ва ба фарзандаш ё дигар наздиконаш савганд дода, сипас меомӯзонид. Онҳоро таъкид мекард, ки сирри таҳияи ҳалворо низ ба дигарон фош насозанд. Ҳатто мардумро бовар мекунониданд, ки ин намуди ҳалворо фақат дар мавзеҳои муайян тайёр кардан мумкин аст, то ки дигарон дар ҷойҳои дигар беҳуда кӯшиш накунанду ин гуна ҳалворо напазанд. Масалан, ривояте ҳаст, ки ҳалвои «оби набот»-ро танҳо дар шаҳри Бухоро пухтан мумкин аст ва мардуми авом ба ин афсона бовар мекарданд. [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). — Душанбе, 2015
Адабиёт
вироиш- Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. — Душанбе: Озар, 2004.
- Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. — Душанбе: Пайванд, 2001;
- Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. — М: Советская Энциклопедия, 1969;
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. — Душанбе: Дониш, 2015.
- Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор (пажӯҳиши этнологӣ-фолклорӣ). — Душанбе: Амри илм, 2001.