Ҳалвои лавз — як навъ ҳалвои суннатии тоҷикӣ буда, аз номаш маълум аст, ки он бо лавз (бодом) пухта мешавад. Онро дар байни мардум лавзина низ меноманд. Дар луғатномаҳои «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиё-ул-луғот» омадааст: «лавзина ҳалвоест, ки дар он мағзи бодом андохта бошанд». Номи ин ҳалворо дар фарҳангҳои арабӣ дар шакли «лавзинаҷ» низ дучор шудан мумкин аст, ки бегумон аз забони форсӣ гузаштааст. Он дар хушмазагӣ хеле маъруф аст, дар ин маврид мақоли халқие низ ҳаст, ки нисбат ба амали кӯтоҳандешона мегӯянд: «лавзина ба гов додан» Яъне ҳалвои беҳтарину хушмазаро нашинохта, ба гов додани кас аз кӯтоҳандешию бетаҷрибагии шахс дарак медиҳад. Ҳалвои лавзро чунин тайёр мекунанд: аз шакару ҷавҳари лимӯ қиём пухта, ба он орд ва мағзи кӯфтаи бодом, писта ё донаки зардолуро андохта, хуб меомезанд. Сипас ба рӯи миз ё лаълӣ равған молида ба рӯяшон мағзи кӯфтаи бодомро мепошанду қиёми пухтаро ба болои он мерезанд. Баъди хунук шуданаш онро порча-порча бурида хушк мекунанд. Ба ҳалвои лавз инчунин оби мева ё дигар моеъи хушрангкунанда низ меандозанд.[1]

  1. Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). — Душанбе, 2015

Адабиёт

вироиш
  • Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. — Душанбе: Озар, 2004.
  • Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. — Душанбе: Пайванд, 2001;
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. — М: Советская Энциклопедия, 1969;
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. — Душанбе: Дониш, 2015.
  • Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор (пажӯҳиши этнологӣ-фолклорӣ). — Душанбе: Амри илм, 2001.