Ҳалвои тари бодомӣ - як навъ ҳалвои суннатии тоҷикӣ Ҳалвои тари бодомӣ мураккабтар буда, он аз тайёр кардани хамир, шарбати қанд ва ба шаклҳои гуногун даровардани он иборат мебошад. Хамири ҳалворо бе хамиртуруш, фақат бо обу орд тайёр мекунанд. Хамири ҳалвои бодомӣ мисли хамири ош бояд сахт бошад. Баъди 40-50 дақиқа хамирро ба табақи чуқур андохта, то тунук шуданаш бо об омехта карадн мегиранд. Сипас хамири обакиро аз ғирбол гузаронда, дар шаклҳои гуногун бирён мекунанд ва ба табақчаҳои чуқур андохта, аз болояш шарбати гарми қанд мерезанд ва ба рӯяш мағзи кӯфтаи бодомро мепошанд.[1]

Адабиёт

вироиш
  • Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. – Душанбе: Озар, 2004.
  • Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001;
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969;
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). - Душанбе, 2015