Ҳалвои тари шиннигӣ

Ҳалвои тари шиннигӣ — яке аз ҳалвоҳои маъмул ва густардаи тоҷикист, дар водиҳои Ҳисору Рашт то ба имрӯз роиҷ аст.

Дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ пухтани ҳалво тарзу усулҳои ба худ хос дорад. Онро аз орди гандум, равғани зард ё дунба ва шакар мепазанд. Усули таҳияи он чунин мебошад: орди гандуми бехтаро то хурмоиранг шуданаш дар равған таф медиҳанд. Шарбати қандро бо иловаи шиннигӣ (шириние ки аз тут, ангур вадиг меваҳо тайёр карда мешавад) алоҳида тайёр мекунанду ба болои орди бирён рехта, якзайл меомезанд. Пас аз 5-7 дақиқа ҳалвои тарро аз болои оташ гирифта, боз як бори дигар хуб меомезанд. Онро дар гармиаш ба табақчаҳои чуқур кашида, баъди хунук шуданаш ба шакли мураббаъ ё ромбчаҳои дар вазни 20-30 граммӣ мебуранд. Ба рӯи ҳалвои тар барои хушхӯр шуданаш мағзи кӯфтаи писта, чормағз ё бодомро мепошанд. Мағзро ба ҳалвои тар баъзан пеш аз тайёр шуданаш меандозанд.[1]

Адабиёт

вироиш
  • Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. – Душанбе: Озар, 2004.
  • Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001;
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969;
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор (пажӯҳиши этнологӣ-фолклорӣ). – Душанбе: Амри илм, 2001.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). - Душанбе, 2015