Ҳалвоӣ – одати суннатии халқии тоҷик. Дар замонҳои пеш дар байни мардуми тоҷик “ҳалвоӣ” ном одате вуҷуд дошт, ки падару модари кӯдак пеш аз ба мактаб бурдани фарзанди худ ба мактабдор зиёфат медоданд. Баъдан мактабдор барои шурӯи таҳсил фотиҳа медод. Дар мадрасаҳои Бухоро пеш аз оғози соли нави таҳсил ё фанни наве шарикдарсон маблағ ҷамъ намуда, ширинӣ (ҳалво), нону мева ва ғайра харида, ба ҳурмати мударрис инъоме меоростанд, ки онро “ифтитоҳона” меномиданд. Инчунин ба як қисми маблағ ба мударрис ҳадияе (ҷома, миёнбанд ва ғайра) пешкаш менамуданд. Ҳалвоӣ ва дигар инъом, ки мактабдорону мударрисон ба нафъи худ карда буданд, баъди Инқилоби Октябр барҳам хӯрдаанд..[1]

Адабиёт

вироиш
  • Раҳимӣ Д. Шугун ва боварҳои мардуми тоҷик. – Душанбе: Озар, 2004.
  • Саймиддинов Д. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001;
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969;
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Ҷумъаев Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор (пажӯҳиши этнологӣ-фолклорӣ). – Душанбе: Амри илм, 2001.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Раҳимов Д., Холмуродов З. Ҳунари ҳалвогарии тоҷикон. // Паёмномаи фарҳанг. 2015, № 3 (31). - Душанбе, 2015