Ҳаллоҷия (ар. حلاجیه‎) — яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, кн муассисаш Мансури Ҳаллоҷ аст. Тақрибан, ибтидои садаи X таълимоти ҳалллоҷия ташаккул ёфт. Дар фиқҳ пайравони он тарафдори иваз намудани фароизу маросимҳо буданд, дар калом офаридгорро аз доираи хилқат озод иамудан мехостанд, дар тасаввуф тавассути шавқу истислом ва раиҷу ибодат дарк намудани иродаи илоҳӣ ва иттиҳоду ҳулулро қоил буданд. Чунин ақидаҳои ҳаллоҷия, боиси норозигии мутакаллимон ва ҳатто баъзе сӯфиён гардид, вале минбаъд сӯфиёни ифротӣ таълимоти ҳаллоҷияро инкишоф доданд, худи Ҳаллооҷро соҳиби каромат хонданд. Ҳоло ин силсила фаъолият надорад.

Адабиёт

вироиш