Ҳандасаи ноуқлидусӣ

(Тағйири масир аз Ҳандасаи ғайриуқлидусӣ)

Ҳандасаи ноуқлидусӣ (форсӣ: هندسه نااقلیدسی‎), геометрияи ғайриуқлидусӣ — ҳандасае, ки аз ҳандасаи уқлидусӣ фарқ дорад, яъне, дар асоси аксиомаҳое бунёд шудааст, ки бо аксиомаҳои Уқлидус ҳамгун нестанд.

Соли 1829 олими рус Николай Лобачевский ва соли 1831 олими маҷористонӣ Янош Боляи новобаста ба якдигар системаи геометриеро тартиб доданд, ки ҳоло чун геометрияи Лобачевский машҳур аст ва дар он ҳамаи аксиомаҳои Уқлидус, ба ғайр аз аксиомаи панҷум, амал мекунанд. Тибқи аксиомаи панҷуми Уқлидус (аксиомаи мувозӣ) аз нуқтае, ки дар хатти рост намехобад, ба ин хатти рост танҳо як хатти мувозӣ гузаронидан мумкин аст. Дар геометрияи Лобачевский аввал қабул карда мешавад, ки шумораи ин гуна хатҳо аз якто бештар аст, сипас исбот карда мешавад, ки шумораашон беохир аст. Дертар олими олмонӣ Риман системаи геометриеро пешниҳод кард (геометрияи Риман), ки дар он аксиомаи зерин қабул карда мешавад: ҳар хатте, ки бо хатти додашуда дар як ҳамворӣ ҷойгир шудааст, ин хатро мебурад (яъне, хатти мувозие, ки дар аксиомаи панҷуми Уқлидус номбар шудааст, вуҷуд надорад).

Насируддини Тӯсӣ дар асарҳои машҳураш дар «Таҳрири Уқлидус» ва «Усули ҳандаса» ҳандасаи ноуқлидусиро асос дониста, барои рушди ҳандаса саҳми калон гузошт. Умари Хайём дар асараш «Рисола фӣ шарҳи мо амала мин мусодарати китоб-ил-Уқлидус» (соли таълифаш 1077) бархе нукоти нави ҳандасиро таҳия намудааст, ки ба эътимоди муаррихони илми риёзиёт таҳкурси (бунён)-и аввалин теоремаҳои ҳандасаи ноуқлидусӣро ташкил додаанд (мас., ба истилоҳоти риёзӣ мафҳуми чаҳоркунҷаи Хайём-Саккериро дохил кардааст, ки барои рушди ҳандасаи ноуқлидусӣ нақши муҳим бозидааст).

1. Ҳандасаи уқлидусӣ;
2. Ҳандасаи мудаввар;
3. Ҳандасаи Лобачевский

Сарчашма

вироиш
  • Геометрияи ғайриуқлидусӣ / Н. Қозиҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.