Ҳанс Балдунг
Ҳанс Балдунг (олмонӣ: Hans Baldung, тахаллусаш Грин олмонӣ: Grien; на пештар аз 1484 и на дертар аз 1485, Швебиш-Гмӯнд[d][1][2][3] — сентябри 1545[1][3], Страсбург, Metropolitan France[d][1][3]) — мусаввир, графики олмонӣ, устоди ҳунари витраж.
олмонӣ: Hans Baldung | |
Таърихи таваллуд | на пештар аз 1484 и на дертар аз 1485 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | сентябри 1545[1][3] (61 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | такчеҳра ва наққошии мазҳабӣ[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишТахаллусаш «Грин» (сабз), ки барои зуҳури бармаҳали истеъдодаш дарёфт кард. Аз шогирдон ва дӯсти А. Дюрер. Мусаввири даргоҳи усқуфҳои ш. Страсбург. Фармоишоти мазҳабӣ ва дунявиро иҷро мекард, аз ҷумла портретҳо мекашид. Дар асарҳои Ҳанс Балдунг сужетҳои антиқӣ ва тамсилҳое, ки хосси даврони Эҳё мебошанд, бо образҳои ирфонию тахайюлӣ тавъам омадаанд. Сабки Ҳанс Балдунг софу шаффоф аст, дар офариниши чеҳраҳо иғроқ кардааст, рангҳои равшани возеҳро ҳамроҳ бо ракурсҳои мураккаб ва унсурҳои иғроқ ба кор бурдааст.
Осор
вироишОсори Ҳанс Балдунг: меҳроби «Тоҷгузории Марями Муқаддас» (Фрайбург, 1511-13), «Се синни зан ва марг», «Марг ва духтар», «Марг ва зан» (1517), «Милод» (1520), «Одам ва Ҳавво» (1525), «Пирал ва Фисба» (1530) ва ғ.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Baldung Grien (ингл.) // Benezit Dictionary of Artists — OUP, 2018. — ISBN 978-0-19-977378-7 — doi:10.1093/BENZ/9780199773787.ARTICLE.B00010659
- ↑ 2.0 2.1 https://www.nga.gov/content/ngaweb/Collection/artist-info.323.html (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 RKDartists (нидерл.)
- ↑ KulturNav (ингл.) — 2016.
Адабиёт
вироиш- Грин Ҳанс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Постникова О. В. Манеризм в творчестве Ханса Бальдунга Грина // Культура возрождения XVI века. М., 1997.