Ҳанс Кристиан Андерсен
Ҳанс Кри́стиан А́ндерсен (дан. Hans Christian Andersen [ˈhanˀs ˈkʁæsdjan ˈɑnɐsn̩]; 1 (2) апрел 1805, Оденсе, иттиҳоди Дания-Норвегия — 1 (4) августи 1875, Копенҳаген, Дания) — нависанда ва шоири даниягӣ, афсонанависи машҳури ҷаҳон барои кӯдакон ва калонсолон: «Мурғобичаи баднамо», «Куртаи нави подшоҳ», «Дюймовочка», «Аскарчаи устувори қалъагӣ», «Оле Лукойе», «Маликаи барфин» ва бисёри дигар.
дан. Hans Christian Andersen | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | дан. Hans Christian Andersen |
Таърихи таваллуд: | 2 апрел 1805[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 4 август 1875[2][3][4][…] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1827 — 1875[10] |
Жанр: | афсона |
Забони осор: | забони даниягӣ[11][2][12][…] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Зиндагинома
вироишҲонс Кристиён Ондерсон рӯзи сешанбе 2 апрел соли 1805 дар шаҳри Оденсеи Дания ба дунё омадааст. Падараш муътақид буд, ки аз хонаводаи асил ҳастанд, ва бинобар таҳқиқоти анҷомшуда дар маркази Ҳонс Кристиён Ондерсон падарбузургаш бар ин бовар буд, ки хонаводаашон ҷузви табақоти болоии иҷтимоъ будаанд. Аммо таҳқиқоти бештар сиҳати ин иддаоҳоро рад кардааст. Гарчи хонаводаи Ондерсон бо хонаводаи салтанатӣ беиртибот набудаанд, вале ин иртибот танҳо дар заминаи коре будааст. Шоеъаҳои мабни бар ин, ки Ондерсон писари номашруъи подшоҳ буда ҳамчунон дар Дания бар сари забонҳост. Зеро подшоҳи Дания алоқаи зиёде ба Ондерсон дошт ва хароҷоти таҳсили ӯро шахсан ба уҳда гирифта буд. Ондерсон дар даврони ҷавонӣ аз ҳуш ва қувваи тахайюли бисёр болое бархурдор буд ва алоқа вофире ба адабиёт ва театр дошт. Дар даврони кӯдакӣ барои худ саҳнаи театр дуруст мекард ва осори Вилям Шекспирро бо истифода аз арӯсакҳои чӯбӣ ба унвони бозигарон аз ҳифз бозӣ мекард[13].
Эҷодиёт
вироишАндерсен очерку новелла, пйесаву романҳо низ навиштааст: «Мурда» (1830), «Ибодатгоҳи ғарқшуда» (1831), «Импровизатор» (1835), маҷмӯа новеллаҳои «Китоби суратҳои бесурат» (1840), пйесаи «Мулат» (1840), китоби очеркҳои сафарии «Бозори шоир» (1842), китоби тарҷумаҳолии «Афсонаи ҳаёти ман» (1846), романҳои «Отто Тострупаа» (1836), «Фақат ғижакнавоз» (1837).
Афсонанависӣ
вироишАндерсен ҳамчун афсонанависи машҳур дар ҷаҳон шинохта шудааст. Афсонаҳои «Аскарчаи устувори қалъагӣ» (1838), «Булбул» (1843), «Мурғобичаи баднамо» (1843), «Маликаи барфин» (1844), «Духтарчаи гӯгирдбадаст» (1845), «Соя» (1847), «Модар» (1848), «Куртаи нави подшоҳ» ва ғайра ба қалами Андерсен тааллуқ доранд. Андерсен дар эҷодиёти худ бераҳмии хокимон, нобаробарии иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, хушомадгӯӣ, кибрро мазаммат кардааст.
Тарҷумаи осор
вироишАсарҳои Андерсен ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Хонандагони тоҷик аз соли 1938 ба василаи тарҷумаи афсонаи «Дюймовочка» бо эҷодиёти ин адиб шинос гардидаанд. Минбаъд афсонаҳои дигари Андерсен аз қабили «Мурғобичаи баднамо», «Чақмоқ», «Куртаи нави подшоҳ», «Аскарчаи устувори қалъагӣ», «Қувони ёбоӣ», «Булбул», «Ганси ландаҳур», «Духтарчаи гӯгирдбадаст» ва ғайра ба забони тоҷикӣ гардонда шуда, дар алоҳидагиву якҷоя ба табъ расидаанд. Андерсен дар солҳои 30 садаи XIX ба кишварҳои гуногуни Европа сафар карда, бо шахсиятҳои маъруфи он ҷо — адиби олмонӣ Ҳейнрих Ҳейне, англисӣ Чарлз Диккенс ва франсавӣ Виктор Ҳюго мулоқот ва мукотиба кардааст.
Хотира
вироишБо номи Андерсен мукофоти байналхалқӣ таъсис ёфтааст. Аз адибони тоҷик Убайд Раҷаб ин мукофотро гирифта буд (1983).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Roux P. d. Nouveau Dictionnaire des œuvres de tous les temps et tous les pays (фр.) — 2 — Éditions Robert Laffont, 1994. — Vol. 1. — P. 89. — ISBN 978-2-221-06888-5
- ↑ 3.0 3.1 Hans Christian Andersen (нидерл.)
- ↑ H.C. Andersen (дат.)
- ↑ Андерсен Ханс Кристиан // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.telegraph.co.uk/technology/google/7546807/Hans-Christian-Andersen-honoured-in-Google-doodle.html
- ↑ KulturNav (ингл.) — 2016.
- ↑ http://web.archive.org/web/20170323062220/http://jeugdliteratuur.org/auteurs/hans-christian-andersen
- ↑ http://www.telegraph.co.uk/travel/destination/denmark/148125/A-weekend-break-in...-Copenhagen.html
- ↑ RKDartists (нидерл.)
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ (2018-07-30) «هانس کریستیان آندرسن» (fa). ویکیپدیا، دانشنامهٔ آزاد.
Адабиёт
вироиш- Брауде Л., По волшебным тропам Андерсена., С-Пб, 2008.
Сарчашма
вироиш- Андерсен Ҳанс Кристиан / Р. Раҳмонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.