Ҳасани Зарринхат
Ҳасани Зарринхат (форсӣ: حسن زرینخط; 1894, Теҳрон — 1978, Теҳрон) — хушнависи эронӣ ва устоди хатти настаълиқ.
Таърихи таваллуд: | 1894 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1978 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишАз шогирдони машҳури Мирзо Тоҳир Котиби Ҳумоюнӣ. Дар замоне, ки ҳанӯз дастгоҳҳои нави чопӣ ба Эрон ворид нашуда буданд, Зарринхат бештар китобҳои чопи сангиро китобат мекард. Навиштаҳои рӯи пулҳои коғазии Бонки миллии Эрон, инчунин хаттотии китобҳои дарсӣ, адабӣ, катибаҳои масҷидҳо, биноҳои бузурги таърихӣ, сангнавиштаҳои осори гуногуни таърихӣ, коғазҳои арзишдор ва сиккаҳоро Зарринхат анҷом додааст. Ӯ бештар ба китобати Қуръон машғул буд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зарринхат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.