Ҳасиб
Ҳасиб
Навъе аз хӯриши гӯштиест, ки аз қадим дар байни тоҷикон маъмул будааст. Тарзи тайёр карданаш чунин аст: дилу ҷигар, гурда, шуш, забон ва гӯшту дунбаи гӯсфандро реза карда, ба он намак, мурчу зира ва баъзан биринҷи таркардашударо ҳамроҳ мекунанд. Маҳсули омодашударо ба рӯдаи тозашудаи гўсфанд ё гов андохта, аз ду нўгаш бо ришта мебанданд. Сипас ба деги обдор андохта, 1-2 соат дар оташи паст меҷўшонанд. Дар вилояти Суғд, водии Ҳисор нимфаъол аст.
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Ҳасиб // Энсиклопедияи соетии тоҷик, Ҷ.8,. – Душанбе, 1988, с.374.
- Ҳасиби тоҷикӣ // Энсиклопедияи мухтасари рўзгордорӣ.. – Душанбе, 1988, с. 225.[1]
Манобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ. – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 163
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |