«Ҳафтсин» — (форси:هفت‌سین)хони наврӯзист, ки дар ҷашни наврӯзӣ бо маводи гуногун, аз ҷумла бо 7 намуд чизе, ки бо ҳарфи форсии «Син» шурӯъ мешаванд, оро ва зеби зиннат дода хоҳанд шуд: синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко.

Ба ҷуз маводи мазкур рӯи сурфаи наврӯзӣ зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъдон, хушкбору тарбор, ширинӣ, тухми мурғ ва дигар хӯроку ғизоҳои лазиз гузошта мешуданд. Албатта, дар аҳди қадим гузинаҳои (вариантҳои) дигари ҳафтсин ба мисли «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» вуҷуд доштанд. Масалан, гузоштани «ҳафтшин»-ро ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон,
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

Шигифтии масъалаи «ҳафтсин» дар он зоҳир мегардад, ки аввалан, хоне, ки дар субҳи Наврӯз ороста мешуд, бояд аз порчаи сафед таҳия мегардид ва он рамзи Сипанормуз (Spenta) — эзиди ҳомию нигаҳбони Замин дар олами муҷаррад (Armaiti) дар боварҳои қадими ориёӣ буд ва рамзи бороварии Заминро ифода мекард ва сониян, ҳамин масъала, дар навбати худ, ба ҳаёти муқимӣ гузаштани ниёгони мо дар аҳди қадимро нишон медод. Барои ҳамин суфраи наврӯзиро танҳо хони идона густурдан намедонанд ва ҳар хӯрокӣ ва ашёе, ки рӯи он гузошта мешуд, рамзу розгуна буд, ки ҳам шамили мазҳари устуравию таърихӣ, ҳам намоёнгари маънавиёту нидои ботини қалби инсон ва ҳам намоишгари афкори ҷаҳоншиносӣ ва хилқати оламро таҷассум мекард. Дар суфраи наврӯзӣ ҳама чиз кинояомезу нишонвора аст ва ҷанбаи тамсилии «ҳафтсин» аз он иборат аст, ки табиатро ҳамчун офаридаи неки Аҳуромаздо ба таҳрику ҷунбиш дармеоварад, набототу гиёҳонро ба рушди боландагӣ вомедорад, эҳёи табиатро фароҳам месозад ва ба афзоиши хайру баракати замин, ки ягона манбаи парваришу самаровари маводи ғизоӣ мебошад, дар соли нави меомада мусоидат мекунад. Ранги сафеди суфраи наврӯзӣ мазҳари таҷаллии Офаридгор ва офариниши олам низ мебошад. Дар маросимҳои расмии наврӯзӣ дар толори оташкадаҳо ва маҳали пазироии шоҳону ҳокимони давр суфраҳои музайяне, ки атрофи онҳо кашидадӯзӣ ва ё қаламкорӣ шудаанд ва дар хонаводаҳо хони хонаводагӣ густарда мешуданд. Дар садри суфра китобмонаки (раҳлии) хотамкоришуда мегузоштанд, ки рӯи он китоби муқаддас гузошта мешуд, моҳӣ гузоштан рӯи хони наврӯзӣ ифодаи он буд, ки вақте Офтоб аз бурҷи ҳут (яъне моҳӣ), ки охирин моҳи соли куҳна буд (дар солшумории кунунии Эрон моҳи исфанд), ба бурҷи ҳамал ворид мешуд, ба охир расидани соли куҳна ва фаро расидани Наврӯзи оламафрӯзро ифода мекард. Ба ибораи дигар, тақвими соли куҳна ва қабули соли нав арзёбӣ мешуд.

Чуноне ки мулоҳиза мешавад, «ҳафтсин» — и хони наврӯзӣ дар оғози соли нав барои тарбияи нафси инсон, таҳзиби ахлоқи ӯ ва иртиқои рӯҳи инсон равона шудааст. Маънои асроромезу пурбори «ҳафтсин» ҳаёти имрӯзаи моро бо гузаштаи дури ниёгонамон пайванд месозад ва фарҳанги қавму миллати моро бо унсурҳои тоза ғанӣ мегардонад. Собиқаи «ҳафтсин» бисёр қадим аст ва то ба замони Ҷамшед мерасад. Абӯрайҳонӣ Берунӣ иттилоъ дода, ки собиқаи ҳафтсин ба рӯзгори ниёпарастӣ мерасида ва дар он давру замон «ҳафтшин» дар сари дастархони наврӯзӣ маъмул будааст. Рӯзгоре низ буда, ки «ҳафтмим» (мева, моҳӣ, мурғ, мураббо, мускатӣ ва мичу) — ро дар суфраи наврӯзӣ мегузоштанд, маълумоти ёдшуда аз густардагӣ, гуногунӣ ва рангорангии суфраи наврӯзӣ дар давру замонҳои дури аҷдодамон дарак медиҳанд.[1]

Инҷоро ҳам нигаред

вироиш