Ҷамшед (форсӣ: جمشید‎) — яке аз подшоҳонии асотирии эронӣ. Ӯ бар асоси китоби Вандидод нахустин касе аст, ки ҳикмати ишроқиро фаро гирифт ва тавонист низоми маърифатии Эронро поягузорӣ кунад.

Ҷамшед
Сурат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вай дар асл аввалин башар ва аввалин шахси фанопазир ва шоҳи сарзамини мурдагон (ҷаҳони фонӣ ва заминӣ) буд. Дар достони Ҷам дар густураи садаҳои пеш аз таърих дигаргуниҳое падид омадааст, ки мунҷар ба пайдо шудани достони подшоҳӣ ҳамроҳ бо иқтидори вай бар замин шудааст, чунонки дар замони подшоҳии вай мардум аз газанди пириву марг барканор ва ҳамвора ҷавон буданд.[1]

Номи Ҷамшед дар Авесто Йима омада, ба таври гуногун маънидод шудааст. Мувофиқи Яснои 30 банди 3-4 ин ном Йема дугона ҳамзот тарҷума карда мешавад. Йима — подшоҳест, ки зоҳиран, дар давраи зиндагии муштараки ҳиндуориёоиҳо шаҳриёрӣ кардааст. Ддар Ведохо Йима худованди дузах буда дар назди бараҳмонон бошад, Яма ва хоҳараш Ями — одамони нахустин шуморида шудаанд.

Ҷамшед бузургтарин подшоҳ аст, ки лифоҳу саодати мардумро бартар аз ҳарчиз дониста, ба онҳо роҳу равиши зиндагӣ омухт ва барои онҳо ҷомеаи одилона барпо кард. Аз ин ҷихат вай дар «Авесто» соҳиби лақабу унвонҳои ифтихоромез мебошад. Фаргарди дуюми Вандидод дар бораи ин подлшоҳи маъруфи ориёи маълумоти мавчуте медихад. Ҷолиб аст, ки дар ин бахши Авесто як силсила шабохиде нухуфта аст, ки дар бахшҳои дигари китоби мукаддас дида намешавад. Аввалин, дар он ходисае, ки дар Космологияи исломӣ ва насронӣ, ба номи «Туфони Нӯҳ» маъруф аст ва дар асоси мифологияи зардушти марбут ба Ҷамшед мебошад, тасвир гардидааст. Ҷамшед дар «Шоҳнома» омадааст.[2]

Инчунин нигаред

вироиш

Артур Кристенсен, донишманди донморкӣ

«Бифармуд (Ҷамшед) то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро (ҷинҳоро, ки мутеи вай буданд) дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш Дамованд то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд, Наврӯз гирифтанд ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодию хушӣ кунанд ва рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз сармову гармо ва пирию ҳасад барканор шуданд. Ба мардум пас аз сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд, сесад сол ба сар карданд, ки аз балиёт (балоҳо) ба дур буданд.»

[1]

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, таърихнигор, муаллифи «Таърихи Табарӣ»

«Чун Ҷамшед барои худ гардуна бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин ӯро дар ҳаво ҳамл карданд (бардоштанд) ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд.»

[1]

Абӯрайҳони Берунӣ, алломаи бузурги машриқзамин.

«Оғози офариниши гетӣ нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат Ҷамшед ном карданд, зеро аз нишонии соли нав аст. Он чи аз паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯз бузург доранд, зеро ки хусравон (подшоҳон) бад-ин панҷ рӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳон (хидматгорону чокарон) бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ. Он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хосагонро ва эътиқоди порсоён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштанд.»

[1]

«Чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд. Идҳоро шаш бахш карданд. Панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, панҷ рӯзи дувумро ба ашроф, панҷ рӯзи савумро ба ходимону коркунони подшоҳ, панҷ рӯзи чаҳорумро ба надимону дарбориён, панҷ рӯзи панҷумро ба тӯдаи мардум, панҷ рӯзи шашумро ба барзгарон.»

[1]

Нигаред низ

вироиш