Ҳаяҷоннамоӣ[1][2] (форсӣ: هیجان‌نمایی‎), экспрессиони́зм (аз лот. expressio, «ифода») — номи як мактаби ҳунарӣ дар Аврупо, ки тақрибан солҳои 1905—1920 рушд ёфтааст.

«Ҷеғ», наққошии рассоми нурвежӣ Эдворд Мунк (1893)

Он олами маънавии инсонро ягона ҳақиқати воқеъӣ ва зоҳир шудани онро мақсади асосии ҳунар медонад. Моҳиятан эътирози фардиро ба муқобили нуқсонҳои капитализм ифода векунад. Истилоҳи ҳаяҷоннамоиро бори аввал X. Валиден истифода бурдааст. Дар ҳунарҳои таҷассумии пайравонаш П. Гоген, В. Ван Гог, Э. Мунк, Ц. Энсор, Ф. Ходлер ва диг. мебошанд. Принсипҳои ҳаяҷоннамоӣ махсусан, дар эҷодиёти рассомон (Э. Л. Кирхнер, М. Пехштейн, Э. Хоккель, К. Шмидт-Ротлуф), ки ифодаи субъекгавии воқеият ва дарки озодонаи оламро тарғиб мекарданд, ташаккул ёфт. Тарафдорони ҳаяҷоннамоӣ дар асарҳояшон ба афкор ва эҳсосоти фардӣ аҳамият дода, воқеиятро яктарафа ва нодуруст инъикос менамуданд ва бо таъсири фалсафаи индивидуализм ва субъективизм ба равияи абстракт (ниг. Абстракционизм) майл мекарданд. Дар солҳои баъди Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳамчун ҷараёни формалист, ки моҳияти иҷтимоии ҳунарро рад мекунад, дар ҶДО, Фаронса (бо номи неоэкспрессионизм), ИМА (бо номи ҳаяҷоннамоии интизоъӣ) паҳн шуд. Дар адабиёти бадеӣ ба пайдоиши ҳаяҷоннамоӣ нависандагон Г. Кайзер, В. Газенклевер дар Олмон, Ф. Верфель дар Австрия мусоидат намуданд. Ҳаяҷоннамоӣ дар ҳунари мусиқӣ, театр, синамо ва меъморӣ низ эҳсосот ва ақидаҳои субъективии ҳунармандро ифода намуда, аз моҳияти иҷтимоии ҳунар сарфи назар мекунад. Ҳоло ҳаяҷоннамоӣ бо таъсири реализм ва дигар равияҳои пешқадам мавқеи худро гум карда истодааст.

  1. Эраҷ Меликиён. Ҳунари тасвирии тоҷик: Аз реализми сосиалистӣ то вокеънигории миллӣ. Равшанфикр. Санъатшиносӣ, № 1, 2020 (6 феврали 2020).
  2. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Ҳаяҷоннамоӣ чист? Маънии ҳаяҷоннамоӣ(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 18 май 2021 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Экспрессионизм // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).