Ҳаёти ҷинсӣ — муносибатҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоие, ки ба шаҳвоният асос ёфтааст. Аммо бунияи ғаризии (ғайрииродаи) ҳаёти ҷинсӣ дар инсон назар ба ҳайвон аҳамияти мутлақо ҳалкунанда надорад. Ҳаёти ҷинсии инсон хосиятҳои нав пайдо кардааст: вай нафақат вазифаи ғаризии давом додани наслро ба ҷо меорад, балки иттиҳод ва муқарабати шахсӣ ва маънавии марду занро дар бар мегирад. Дар ташаккули муносибатҳои шаҳвонӣ ва тарзи ҳаёти ҷинсӣ дар инсон нақши ҳалкунанда ба таҷрибаи шахсӣ, таълиму тарбия ва ахлоқу одоби фард мансуб аст.

«Ҷинси мард ва зан, бигзор онҳо бошанд», тасвир ба китоби Ҳастӣ 6:19, Ҷейм Тиссо, тақ. 1900

Дар баробари тараққиёти ҷамъият ҳаёти ҷинсӣ торафт мураккаб гардида, хусусияти назарраси фардиро соҳиб шуд. Аммо таносуби рӯҳӣ ва ҷиҳатҳои ҷисмонӣ дар ҳаёти ҷинсӣ, инчунин муносибат ба шаклҳои гуногуни мубошарат дар ҳар як ҷамъият гуногун аст, ҳар яки онҳо меъёри ахлоқи ҷинсии худро дорад. Ҳаёти ҷинсӣ дар ҳаёти инсон аҳамияти калон дорад, аммо ифроти шаҳвоният ва онро дар ҳаёти инсон дар мадди аввал гузоштан (ҳамчунин онро сарфи назар намудан), бешубҳа зарар меоварад.

Хусусияти ҳаёти ҷинсӣ

вироиш

Хусусияти ҳаёти ҷинсии ҳар як фардро омилҳои гуногун – генетикӣ (модарзод), гормонӣ, асабӣ, инчунин хислатҳои фардии шахс муайян мекунад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки меъёрҳои умумии ҳаёти ҷинсӣ (шиддат ва давомоти он ва ғ) вобаста ба синну сол, ҷинс, хислатҳои шахсие, ки натиҷаи тарбия ва таҷрибаи ҳаёт мебошанд, тағйир меёбад. Он чӣ, ки барои шахсе дар ҳаёти ҷинсӣ ҳодисаи мӯътадил ба ҳисоб меравад, барои шахси дигар ғайритабиӣ менамояд. Тасаввуроти нодурусти бисёр одамон дар хусуси меъёрҳои ҳаёти ҷинсӣ боиси он мегарданд, ки баъзе одамон ихтилоли ҷинсӣ доштани худро тахмин мекунанд, ҳарчанд ин чиз дар онҳо вуҷуд надорад.

Синнеро, ки ҳаёти ҷинсӣ оғоз меёбад, балоғати ҷинсӣ муайян месозад. Шиддат, яъне босамади алоқаи ҷинсӣ, ҳам ба хислатҳои модарзоди ҳар шахс ва ҳам ба омилҳои берунӣ, асосан иҷтимоӣ (тарбия, аз ҷумла тарбияи ҷинсӣ, шароити зиндагӣ ва ғайра) вобаста аст. Издивоҷ, ки баъди он ҳаёти ҷинсӣ ба низом медарояд, аҳамияти хос дорад. Зуҳуроти асосии шаҳвоният боҳ ва ҷимоъ мебошад.

Қувваи боҳ ё майли шаҳвонӣ вобаста ба парҳезкорӣ аз муҷомаат ва шароит мумкин аст хеле тағйир ёбад. Фаъолияти ғадудҳои ҷинсӣ, ки дар хун миқдори муайяни гормонҳоро таъмин менамояд ва ин гормонҳо ҷиҳатҳои хосаи ҷимоӣ – шаҳвонии фардро муайян месозанд, сабабгори қувваи боҳ мегардад.

Шакли асосии ҳаёти ҷинсӣ алоқаи ҷинсӣ (муҷомаат, коитус) байни марду зан аст, ки якҷоя бо ваҳдати маънавӣ мафҳуми том, ҳаёти ҷинсии комилро ташкил медиҳад.

Зуҳуроти шаҳвонии мард

вироиш
Мақолаи асосӣ: Нуъуз

Зуҳуроти маъмули шаҳвонии мард – нуъуз (таранг шудани нара), эрексия ва инзол (хориҷ шудани манӣ; эякулютсия) мебошад. Нуъуз амали рефлексиест, ки дар натиҷаи он олати мардӣ тарангу сахт гардида, ба маҳбал дароварданаш осон мешавад ва ҷимоъ муяссар мегардад. Нуъуз дар натиҷаи аз хун пур гардидани ҷисми исфанҷии нара ба амал меояд (ниг. Узвҳои таносул). Ҷисми исфанҷии пешоброҳа ва сари нара ҳатто дар авҷи нуъуз нисбат ба аҷсоми исфанҷии худ камтар мешавад, аз ин рӯ манӣ аз пешоброҳа бемалол мегузарад ва узвҳои ҷинсии зан аз осеб эмин мемонад. Дар анҷоми ҷимоъ ё дар ҳолатҳои барои он носозгузор нуъуз аз байн меравад. Бояд қайд кард, ки ихтилоли нуъузро, ки ҳатто дар замонҳои қадим рамзи шаҳвонияти мардҳо буд, бисёр вақт ноҳақ нишондоди асосӣ ва ҳатто ягонаи сусткамарӣ мепиндоштанд (ниг. Сусткамарӣ).

Дар рафти алоқаи ҷинсӣ, ки аз чанд сония то чанд дақиқа давом мекунад, дар натиҷаи аз ҳаракатҳои бевосита ба ангезиш омадани сари нара ҳисси шаҳвонӣ ба авҷи олӣ расида, ҳаловати инзол ва ихроҷи манӣ ба амал меояд. Инзол ҳам мисли нуъуз амалияти рефлексӣ, вале нисбатан мураккабтар аст. Дар вақти инзол оби мании мард ба воситаи манироҳ ба узвҳои ҷинсии зан ворид мешавад. Чанд сония қабл аз ихроҷи манӣ лаҳзаи форамтарини ҷимоъ фаро мерасад, ки ба оғози инзол рост меояд. Инзол ҳам чун нуъуз, бидуни муҷоммат ба амал меояд, масалан, ҳангоми истимноъ (ниг. Онанизм). Инзоли ғайриихтиёр, ба истилоҳ эҳтилом, аҳамияти махсус дорад.

Оргазми мард

вироиш

Оргазм ҳолати гуворотарини муҷомаат аст, ки дар лаҳзаи ба итмом расидани алоқаи ҷинсӣ (ё дигар шаклҳои фаъолияти ҷинсӣ) ба вуҷуд меояд. Баъд аз оргазм мард муддате беҳавсала ва нара бе ҳаракат мешавад, яъне ӯ такроран ҷимоъ карда наметавонад. Қобилияти шаҳвонӣ дар муҳлатҳои гуногун барқарор мегардад (ин ба хислатҳои фардӣ, синну сол ва вазъи мавҷуда вобаста аст).

Ҳангоми бемалол будани алоқаи ҷинсӣ (масалан, дар сурати оиладор шудан) дар давраи балоғати шаҳвоният як низоми муайяни ҳаёти ҷинсӣ муқаррар мегардад. Басомад ва шакли алоқаи ҷинсиро, одатан, мард интихоб менамояд: ҳар мард мизони фаъолии таносулиро ба ҳисси шаҳвонии худ мувофиқ месозад.

Хусусиятҳои шаҳвонияти занон

вироиш

Хусусиятҳои шаҳвонияти занон чунин аст, ки мард барои қаноатмандии комил ҳосил намудан, бояд ӯро рӯҳан ба алоқаи ҷинсӣ омода созад. Аз ин рӯ, аҳамияти навозишҳои пешакӣ, махсусан агар шаҳвати зан ҳанӯз бедор нашуда бошад, хеле калон аст. Тариқи навозишҳои пешакӣ ба хислатҳои фардии таносулӣ вобаста мебошад. Аз ин ҷиҳат манотиқи шаҳватангез нақши муҳим дорад, яъне он ҷойҳои бадан, ки ангезиши онҳо шаҳватро бедор мекунад. Тани занҳо баръакси мардон тавре офарида шудааст, ки ҷойҳои шаҳватангез (экстрагенитали)-и онҳо, яъне номансуб ба узвҳои таносул аҳамияти калон дошта, баъзан ҳатто аз минтақаи гениталӣ (яъне узвҳои таносул) бартарӣ доранд. Ҳар қисмати бадани зан минтақаи шаҳватангез шуда метавонад ва агар ангезиши як минтақа дар баъзе занон шаҳватро бедор кунад, ба занҳои дигар таъсир намерасонад ва ё ҳисси нофорам ба вуҷуд меорад. Ғайр аз ин, навозиши пешакӣ иштироки ин ё он аъзои ҳисро ҳам дар назар дорад: дар мардҳо аҳамияти босира, дар занҳо аҳамияти сомеа бештар аст. Дар ин ҳол бояд мард ташаббус нишон диҳад, ӯ набояд худхоҳ бошад ва аз навозиши пешакӣ сарфи назар накунад.

Барои беҳбудии ҳаёти ҷинсӣ қаробати хислатҳои фардии мард ва зан, яъне ба истилоҳ мусоидати рӯҳонии онҳо аҳамияти калон дорад. Номусоидати фардӣ дар заношӯӣ бисёр вақт боиси низоъ ва ҷанҷолҳои талху тунди оилавӣ гардида, ба ҳаёти ҷинсӣ ва муҳити иҷтимоии оила таъсири бад мерасонад. Ба ақидаи бисёр мутахассисони амрози ҷимоӣ аксарияти иллатҳои таносулӣ на аз бемориҳои худи узвҳои таносул, балки маҳз аз ҳамин номусоидат байни зану шавҳар, ба ҳамдигар унс нагирифтани онҳо сар мезанад. Мусоадати ҳаёти ҷинсӣ чӣ дар натиҷаи гуногун ва ҳатто мухолиф будани хислатҳои фардии ҳарифон, ки камбудии ҳамдигарро гӯё талофӣ мекунанд (масалан, ба ҳам омадани сафрамизоҷии зан – ноустувории рӯҳия, тундмизоҷӣ ва ғайра бо хислатҳои балғамии шавҳар – бурдборӣ, табиати мулоим) ва чӣ ҳангоми яксон будани мизоҷ (масалан, сифатҳои мизоҷи дамавӣ ё балғамии зану шавҳар) муяссар мегардад.

Дар айни ҳол тасодуми сифатҳои якзайл – дилтангӣ, бетоқатӣ, тундмизоҷӣ, кӯшиш кардани ҳарду ба мақоми сарварӣ боиси моҷаро мегардад. Барои мӯътадил гардидани ҳаёти ҷинсӣ таҷрибае, ки дар зану шавҳар дар зиндагии якҷоя ҳосил кардаанд, аҳамияти муҳим дорад ва бетаҷрибагӣ дар оғози зиндагӣ мумкин аст боиси азоби сахти рӯҳӣ гардад. Ҳаёти ҷинсӣ ҳам барои зан ва ҳам барои шавҳар бояд манбаи ҳаловат ва қаноатмандии комил бошад, вале вай маҳорати муайян, фаҳмиш, зиракию ғамхорӣ ва ҳатто фидокориро тақозо дорад.

Набояд фаромӯш кард, ки аксарияти занҳо ба навозиш ва меҳрубонӣ майл доранд (ин чиз бисёр вақт ба тарбияи ҷавонмардон бегона аст); зуҳуроти шаҳвонияти онҳо, баръакси мардон, характери даврӣ дорад ва қабл аз ҳайз ва ё рӯзҳои аввали пас аз он авҷ мегирад. Организми занон назар ба мардон ба шароити алоқаи ҷинсӣ, омодагии рӯҳӣ ба он, табъи онҳо ва давомияти навозишҳои пешакӣ бештар вобаста аст. Дар аксари занҳо оргазм баъди борҳо муҷомаат кардан, бисёр вақт пас аз таваллуд кардан, пайдо мешавад. Баробари андӯхтани таҷриба фоизи муҷомаате, ки бо оргазм меанҷомад, зиёд мегардад, ҳол он ки дар солҳои аввали занушӯӣ зан ҳамеша аз алоқаи ҷинсӣ ҳаловат намебарад. Баъзе занҳо аз муҷомаат ҳеч гоҳ ва дар ҳеч сурат лаззат намеёбанд (ниг. Сардмизоҷии зан); дар баробари ин занҳое ҳастанд, ки дар давоми як амалиёти ҷинсӣ чандин бор ҳаловат мебаранд. Вале зан аз муҷомаат агар ҳаловат набарад ҳам, аз муқорабат бо шахси дилхоҳаш қаноатмандии комили рӯҳӣ ҳосил менамояд.

Аксар вақт мепурсанд, ки ба зани дуҷон муҷомаат кардан мумкин аст, ё не? Мутахассисони бемориҳои занона ва иллатҳои ҷимоӣ мегӯянд, ки дар ин давра аз алоқаи ҷинсӣ тамоман даст кашидан шарт нест, аммо ҳангоми ҷимоъ эҳтиёткорӣ зарур аст. Дар 2 – 3 моҳи аввал ва охири ҳомилагӣ, ҳамчунин 2 моҳ пас аз зоидан аз алоқаи ҷинсӣ тамоман худдорӣ кардан лозим аст. Ин гуна худдорӣ ба мард (ҳатто қувваи шаҳвонии ӯ зӯр бошад ҳам) зарар намеоварад. Мард бояд нағз донад, ки дар ин муҳлатҳо ба зан наздик шудан мамнӯъ аст ва ин амрро бечунучаро иҷро намоянд. Барои андак паст кардани ҳисси шаҳвонӣ ва изтироби ба он вобаста, дар ин давра ба кори ҷисмонӣ бештар машғул шудани мард аҳамияти калон дорад. Одатан иштиёқ ба коре фикру зикри касро аз изтироби шаҳвонӣ дур карда, боиси сустшавии шаҳват мегардад. Дар давраи ҳомилагӣ ва пас аз таваллуд зану шавҳар (бахусус шавҳар) бояд ботаҳаммул ва сабур бошанд ва ҳаргиз аҳамияти тавсияҳои гигиениро фаромӯш накунанд. Бисёр вақт муҷомаати баъди зоиш аз нав оғозёфта ҳам барои зан ва ҳам барои мард хуштар менамояд ва қаноатмандии хосае мебахшад.

Шаклҳои муҷомаат

вироиш

Шаклҳои муҷомаат хеле гуногун буда, ба авомили иҷтимоӣ, этникӣ, таърихӣ ва ғайра вобаста мебошанд. Маълум аст, ки дар баъзе мамолики Шарқ (Ҳиндустон, Эрон, Япония ва ғайра) ҳаёти ҷинсӣ аз рӯи анъана як қисми ҷудонашавандаи маданияти умумӣ ба шумор меравад, ҳол он ки дар мамолики Аврупо дар тӯли чандин асрҳо аз хусуси ишқи «шаҳвонӣ» гап задан ва навиштан тамоман мамнӯъ буд. Боқимондаҳои ин мамнӯъиятҳо ба системаи тарбия роҳ ёфта, баъзан то имрӯз ҳам садо медиҳанд. Бинобар ин бисёр вақт, хусусан нав хонадорон, аз муқоработи аввалин як ҳолати ғайриодӣ, хушбахтии беинтиҳоро чашмдор мешаванд, вале аз ибтидо ноумед мегарданд. Азбаски ҳисси шаҳвонии духтаре, ки бори аввал ба алоқаи ҷинсӣ шурӯъ мекунад, бисёр вақт дар ҳолати «карахтӣ» мебошад, ӯ дар хоҳиш ҷуфти худро пазируфта наметавонад. Баъзан вай аз муҷомаати нахустин ҳеч гуна лаззат намебарад, ҳатто баръакс, дилмонда мешавад. Шавҳар бояд инро дар назар дошта барои маҳз дар шаби аввал алоқаи ҷинсӣ кардан набояд кӯшад; ӯ бояд дар бораи манофеи занаш ҳам фикр кунад, имконият диҳад, ки зан дар рафти муносибати доимӣ ба шароити ҳаёти нав тадриҷан унс гирад, бар тарси худ ғолиб ояд. Илова бар ин аз муҷомаате, ки бо розигии тарафайн ва бо тайёрии рӯҳии лозима анҷом меёбад, ҳарду тараф бештар ҳаловат бурда, қаноатмандии комил ҳосил менамоянд.

Чун қоида, бо мурури замон зану шавҳар роҳи дурустеро меёбанд, ки ба ҳар дуи онҳо қаноатмандии комил мебахшад. Доир ба қобили қабул будани ин ё он рафтор дар аснои муҷомаат тавсияи муайяне нест ва набояд бошад. Ҳар он чиро ки ҳарифони ҷинсӣ бо ризоии якдигар мекунанд ва он ҳардуро қонеъ месозад ва зиёне намеорад, қобили қабул шумурдан мумкин аст.

Содда ва беранг сохтани ҳаёти ҷинсӣ

вироиш

Содда ва беранг сохтани ҳаёти ҷинсӣ, яъне онро ба алоқаи ҷинсии гоҳ-гоҳ такрорёбанда маҳдуд сохтан ва якрангию бемеҳрии муносибатҳои зану шавҳар баъзан боиси ба роҳи хиёнат қадам ниҳодан, алоқаи ҷинсии беникоҳ намудани онҳо мегардад. Робитаҳои ҷинсии беникоҳ ба ҷуз зиёни маънавӣ, боз хатари гирифторӣ ба бемориҳои зӯҳравиро ҳам доранд, ки ин ба ҳаёти оилавӣ завол меоварад. Шароб ба ғадудҳои ҷинсӣ чун заҳр таъсир карда, ба ҳаёти ҷинсӣ шикасти калон мерасонад. Тақрибан сеяки мардҳои майпараст сусткамаранд, занон барвақт аз ҳайз мемонанд, дар давраи ҳомилагӣ ва вақти таваллуд ба ҳар гуна амроз гирифтор мешаванд. Одам дар ҳолати мастӣ шарму ҳаёро аз даст медиҳад, оқибатҳои нохуши рафтори хешро сарфаҳм намеравад ва дар ин ҳолат бештар алоқаи ҷинсии тасодуфӣ ба вуқӯъ меояд, ки оқибатҳои он ҳомилагии номатлуб ва гирифторӣ ба бемориҳои зӯҳравӣ мебошад. Муқаррар шудааст, ки қариб нисфи исқоти аввалини занони бешавҳар натиҷаи алоқаи ҷинсии тасодуфӣ дар ҳолати мастӣ мебошад; сабабгори қариб 90 дар сади гирифторӣ ба бемориҳои зӯҳравӣ низ муҷомаати тасодуфӣ мебошад. Бархе аз майпарастон бар онанд, ки гӯё шароб хосса «муқавии шаҳват» бошад; баъзе бо нияти ғамбарорӣ ва рафъи изтироби ботинӣ, дур кардани ҳисси нобоварӣ ва хавфи нокомӣ аз муҷомаати оянда аз шароб мадад меҷӯянд. Ҳол он ки шароб мудом қувваи боҳро заиф сохта, боиси «сусткамарии майпарастӣ», азобҳои сахти рӯҳӣ, ихтилоли фаъолияти аъсоби марказӣ мегардад. Ғайр аз ин тифлоне, ки аз обистании дар ҳолати мастӣ ба вуқӯъ омада рӯидаанд, одатан, ҷисман ва рӯҳан суст рушд мекунанд, ба навоқиси ақлонӣ ва ҷисмонӣ бештар гирифтор мешаванд.

Хусусияти синнусолии зуҳуроти таносулӣ

вироиш

Фаъолияти ҷинсӣ бар хилофи дигар вазоифи физиологӣ ба синну сол вобаста аст, яъне падидаҳои ҷимоӣ дар давраи балоғати ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд ва баъд аз гузашти синни наслронӣ оҳиста-оҳиста, вале бемайлон таназзул меёбанд. Ҳар синну сол падидаҳои ҷинсии хосаи худро дорад. Чунончӣ, агар ҷавони ба балоғат расида ҳар ҳафта ва ё марди калонсол дар хоб эҳтилом шавад, онро ҳодисаи муқаррарӣ бояд шумурд, вале ин ҳолат бо кӯдаки ҳафтсола рӯй диҳад, бояд боиси ташвиши ҷиддӣ гардад. Барои давраҳои гуногуни синнусол падидаҳои зерини таносулӣ хосанд. Дар давраи балоғат (бедоршавии ҳисси шаҳвонӣ) – дар писарбачаҳо рӯй додани инзоли аввалин (маъмулан эҳтиломи шабона), дар духтарон – ҳайз. Аксар вақт ин давра бо оғози ҳаёти ҷинсӣ анҷом меёбад. Давраи оянда (20 – 26-солагӣ), ки онро бояд шартан давраи гузариш номид, одатан бо издивоҷ хотима меёбад. Дар синни 27 – 50-солагӣ, ки давраи балоғат ва камолоти шаҳвоният ба шумор меравад, фаъолияти таносулӣ ба ҳадди эътидол расида, ба низому тартиб медарояд (ин ба хислатҳои фардӣ ва шароити зиндагонӣ мувофиқ мебошад). Дар давраи баъд, ки саҳеҳ муайян намудани ҳадди он амри муҳол аст, фаъолияти таносулӣ, одатан, торафт суст шуда, рағбат ва ҳавсала ба алоқаи ҷинсӣ кам мегардад, ҳисси шаҳвонӣ фурӯ нишаста, дар баробари он давраҳои парҳезгорӣ аз муҷоммат тӯл мекашанд.

Назофати ҳаёти ҷинсӣ

вироиш

Гарчи вазифаи таносулӣ аслан ба ғариза ва рефлекси ғайришартӣ асос ёфта, хислати модарзодӣ мебошад, вай хеле нозук буда, метавонад ба зудӣ ба коҳиш ояд, зеро дар инсон вай бо ширкати бевоситаи қисматҳои олии силсилаи аъсоб сурат мегирад ва марбут ба доираи инфиъолӣ (эмотсионалӣ) мебошад. Гарчанде вазифаи ҷинсии инсон аз ҷумлаи вазифаҳои ҳаётан муҳим намебошад, вале халал ёфтани он касро сахт нороҳат мекунад ва мумкин аст боиси ҳолати бардавоми асабоният, ҷанҷолҳои оилавӣ ва хонавайронӣ гардад. Ба ин муносибат ҳамоҳангии ҳаёти ҷинсӣ моҳияти иҷтимоӣ мегирад. Аз ин ҷо нақши муҳими назорати ҳаёти ҷинсӣ низ яқин мегардад. Бояд таъкид кард, ки қоидаҳои назорати умумӣ барои доираи таносулӣ ҳам эътибор доранд. Ва ҳарчанд дар ҳаёти ҷинсӣ барои гурӯҳҳои алоҳида (вобаста ба синну сол, касб ва ғайра) меъёри муайян муқаррар кардан мумкин набошад ҳам, вале баъзе меъёрҳои фардиро ба эътибор гирифтан ва риоя кардан шарт аст. Вақти хушу тани солим, рӯҳи бардаму ҳисси қаноатмандӣ яке аз меъёрҳои ҳаёти ҷинсии мӯътадил ба шумор меравад. Азбаски барои қонеъ гардондани талаботи ҷинсӣ ду кас ширкат меварзад, кӯшиш бояд кард, ки муҷомаат ҳар дуро пурра қонеъ гардонад. Дар пиронсолӣ тадриҷан суст шудани фаъолияти таносулӣ ҳодисаи табиӣ ва қонунӣ аст, ҳарчанд ки ин ҳолат дар одамони гуногун дар як муҳлат рӯй намедиҳад. Дар пиронсолӣ ба таври сунъӣ баланд кардани фаъолияти таносулиро кори ношоям ва ба саломатӣ зиёновар бояд донист.

Қоидаҳои умумии беҳдошт, ки тозаю пок нигоҳ доштани танро талаб менамояд, ба узвҳои ҷинсии беруна ҳам ба куллӣ дахл доранд (ниг. Гигиенаи шахсӣ). Кори мӯътадили аъзои таносул ба ҳолати дигар узвҳои дарунӣ, бахусус рӯдаҳо ва масона низ вобаста аст. Аз сармо эҳтиёт намудани узвҳои ҷинсӣ (хусусан барои занҳо) аҳамияти калони гигиенӣ дорад. Тартиботи дурусти рӯз, хӯроки оқилона, варзиши ҷисмонӣ ба мисли дигар тадбирҳои солимгардонӣ, боиси мӯътадилона ҷараён гирифтани ҳаёти ҷинсӣ ва идомаи бештари фаъолияти таносулӣ мегардад.

Берабтӣ ё ноҷурии ҳаёти ҷинсӣ

вироиш

Берабтӣ ё ноҷурии ҳаёти ҷинсӣ, ки оқибатҳои нохуш дорад, ҳатман табобатро тақозо мекунад. Дар баъзе мавридҳо барои мӯътадил гардондани ҳаёти ҷинсӣ машварат бо мутахассиси бемориҳои ҷимоӣ (сексопатолог) басанда аст. Ҳангоми ба миён омадани ихтилоли таносулӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намудан лозим аст, чунки бисёр ноҷӯриҳои ҷинсӣ шакли мураккаб ва музмин мегиранд ва илоҷи онҳо басо душвор мегардад. Мутаассифона, аксар вақт дардмандон аз шарми ботил ба назди пизишк нарафта, маслиҳати ошноҳои худро авлотар медонанд ва он тоифа ҳам ба ҷону дил аз «таҷрибаи» хеш тавсияҳо медиҳанд, вале намедонанд, ки дар соҳаи таносул ягон илоҷ ё тавсияи умумӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, дар сурати номӯътадил гардидани ҳаёти ҷинсӣ, ки ба синну сол вобаста набошад, пизишки бемориҳои ҷимоӣ ва ё духтури дигар ихтисос (психоневролог, уролог, андролог ва ғайра), ки чунин беморонро қабул мекунад, муроҷиат намудан лозим аст.

Адабиёт

вироиш
  • Муллозухур Тохири. Половое воспитание // Психология и культура половой жизни. — Душанбе:Ирфон,1988.
  • Энсиклопедияи мухтасари тиб. – Душанбе, 2012. – Ҷ.5. – 487 с.