Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ (31 июли 1943, деҳаи Қавола, ноҳияи Самарқанд, ҶШС Узбакистон — 18 октябри 2021, ноҳияи Самарқанд, Узбакистон) — шоир, драманавис, адабиётшинос, узви Шӯрои Анҷумани байнулмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1990). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 2000). Барандаи ҷоизаи ба номи Деваштич (2000).
Ҳаёт Неъмат | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Ҳаёт |
Тахаллусҳо: | Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ |
Таърихи таваллуд: | 31 июл 1943 |
Зодгоҳ: | деҳаи Қавола, ноҳияи Самарқанд, ҶШС Узбакистон |
Таърихи даргузашт: | 18 октябр 2021 (78 сол) |
Маҳалли даргузашт: | ноҳияи Самарқанд, Узбакистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон, Ӯзбекистон |
Навъи фаъолият: | шоир, адабиётшинос |
Солҳои эҷод: | 1987 — 2019 |
Жанр: | шеър, драма |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Ҷоизаии ба номи Деваштич (2000) |
Ҷоизаҳо: | Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон |
Зиндагинома
вироишҲаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи № 16 таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст. Аз таъқиби сиёсати миллатгароёнаи ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карда буд.
Эҷодиёт
вироишАз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегӯяд.
«Ман худам намедонам аз кай ба шеърнависӣ оғоз намудаам ва аввалин шеърам кадом аст. Чунки ман дар даруни шеър калон шудаам, мо бо шеър бозӣ мекардем, модарам моро бо шеър бедор мекарданд, ки на дар ҳама хонадон ин чиз буд. Маҷмӯаи шеърҳои ман бо номи „Шир…!шеър…! шер“ буда, бештари мисраҳои он ба мавзӯҳои фалсавӣ бахшида шудааст.»
Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва 100 ғазали Имом Хумайниро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки аз ҷониби Интишороти «Алҳудо» (Эрон) ба табъ расидаанд.
Дар соҳаи драманависӣ ҳам қалам ронда, чанд драмаи манзум офаридааст, ки «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ») аз он ҷумлаанд. Дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» соли 1997 дар Озмуни драманависони тоҷик сазовори мукофоти дувум гардидааст. Соли 2000 Ширкати синамои «ДУНЭ»-и Фаронса дар ҳамкории киносозони Испания дар бораи Ҳаёт Неъмат филми мустанаде бардоштааст. Дар бисёр корфаронсу симпозиумҳои байналхалқӣ, ки дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон, Лондон созмон ёфтаанд, иштирок доштааст. Устод Ҳаёт Неъмат беш аз 30 сол аст, ки тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то ҳол дар таҳқиқи ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашад. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавӣ якчанд таҳқиқоти илмиро ба анҷом расондааст, ба монанди мрнографияҳои илмии «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017)
Доираи адабии Самарқанд
вироишАгар мо имрӯз оид ба доираи адабии тоҷикони шаҳри Самарқанд сухан гӯем, он фаъолтарин доираи адабӣ аст. Мо аз Тоҷикистон ҷудо нестем. Мо ба ном гӯё шаҳрванди Ӯзбекистонем. Дар Самарқанд зиёда аз 200 адиби тоҷик ҳастанд. 15 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонем. Мутаассифона пас аз ба вуҷуд омадани саддҳои сарҳадии ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки рафту омади мардуми ду кишвари ба ҳам хеле наздик маҳдуд гашт, муҳити адабии Самарқанд аз назарҳо дур монд.
— Ҳаёт Неъмат: Ман аз Тоҷикистон ҷудо набудам
Даргузашт
вироишҲаёт Неъмати Самарқандӣ 18 октябри соли 2021 дар синни 78-солагӣ дар зодгоҳаш ноҳияи Самарқанд даргузашт[1].
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон,
- Ҷоизаи ба номи Деваштич (2000)[2]
Осор
вироиш- Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ. — Душанбе, 2017, — 400с. ва диг.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Адиби шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (18 октябри 2021). 18 октябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 163 ISBN 978-99947-2-379-9