Ҳақназар Кабуд (Кабудов Ҳақназар, 4 сентябри 1917[1], деҳаи Зувайни ноҳияи Восеъ1987, ноҳияи Вахш, вилояти Хатлон) — гӯрғулисарои тоҷик. Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон[2].

Ҳақназар Кабуд
Ҳақназар Кабудов
Таърихи таваллуд 4 сентябр 1917(1917-09-04)
Зодгоҳ деҳаи Зувайри ноҳияи Восеъ
Таърихи даргузашт 1987(1987)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Вахш, вилояти Хатлон

Зиндагинома

вироиш

Ҳақназар Кабуд соли 1917 дар деҳаи Зувайри Сари Хосор дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, баъд аз фавти волидон дар зери тарбияи амакаш - Шералӣбузург шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ба курси муаллимтайёркунии ноҳияи Балҷувон шомил мешавад ва соли 1952 бо фармони Вазорати маорифи вақт аз он ҷо ба собиқ ноҳияи Октябр ва ҳоло Бохтар меравад. Гурӯғлисароиро аз Мулоазими Сари Хосорӣ ва Боюнуси Худойдодзодаи Балҷувонӣ омӯхта, 10 достонро бо 300 ҳазор мисраъ хондааст ва муалифи китобе ба номи "Гурӯғлӣ" ҳам мебошад[3].

Ҳақназари Кабуд яке аз шахсиятҳое буд, ки аксар достонҳои безаволи ин эпоси машҳури халқиро аз ёд медонист ва бо як санъату ҳунари хос онҳоро месароид. Аз ин рӯ, аксари достонҳои қаҳрамонии аз ҷониби ӯ пешниҳодшуда писанди дӯстдорони фарҳангу ҳунар мегардиданд. Ӯ солҳои зиёд дар шаҳраки имрӯзаи ба номи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Бохтар кору зиндагӣ ва эҷод намудааст. Ҳоло яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Исмоили Сомонӣ номи ӯро дорад[4].

  1. Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво(тоҷ.). news.tj. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. 26 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.3
  3. Таассуфи фарҳангиён аз тақрибан нест шудани "Гурӯғлӣ"(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  4. Озмуни «Гӯрғулисароён»(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26 феврали 2019 санҷида шуд.