Ҳенрих Мартин Вебер
Генрих Мартин Вебер (олмонӣ: Heinrich Martin Weber; 5 март 1842[1][2][3][…], Ҳайделберг[d], Кунфедересиюни Олмон[d][5] — 17 май 1913[2][3][4][…], Страсбург[5]) — риёзидони олмонӣ.
Таърихи таваллуд | 5 март 1842[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 май 1913[2][3][4][…] (71 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | алгебра ва назарияи ададҳо[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Otto Hesse[d][6], Gustav Kirchhoff[d][6] ва Robert Bunsen[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар донишгоҳҳои Гейделберг, Лейпсиг ва Кёнигсберг таҳсил намудааст (1860—1966). Професори Политехникуми Сюрих (1870—1973), донишгоҳҳои Кёнигсберг (1873—1983), Гёттинген (1892—1994) ва Страсбург (1895—1913). Дар донишгоҳҳои Гейделбург ва Мирбург низ дарс додааст. Оид ба масъалаҳои назарияи ададҳои алгебравӣ, назарияи функсияҳои алгебравӣ, назарияи функсияҳои абелӣ, геометрияи алгебравӣ, муодилаҳои физикаи математикӣ таҳқиқот анҷом додааст. Дар асари муҳимтарини худ «Китоби дарсии алгебра» натиҷаи инкишофи он ва фанҳои бо он муштаракро дар ибтидои асри 20 ҷамъбаст кардааст. Лексияҳои Г. Ф. Б. Риманро дар бораи физикаи математикӣ аз нав таҳия намуда, бо номи «Муодилаҳои дифференсиалии физикаи математикӣ» нашр кард (1900—1901). Ҳамроҳи И. Велштейн энсиклопедияи математикаи элементариро нашр кард (1903—1907), ки дар ҷилди дуюми он ғояҳои геометрияи Лобачевский пешниҳод карда шудаанд. Теоремаи Конекёр-Вебер ба ифтихори Вебер ва устоди вай — Конекёр номгузорӣ шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 https://professorenkatalog.online.uni-marburg.de/de/pkat/idrec?id=9856 — 2016.
- ↑ 4.0 4.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Deutsche Nationalbibliothek Record #1012808513 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 6.0 6.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Адабиёт
вироиш- Вебер Ҳенрих Мартин // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.