Ҳенрӣ ван де Велде
Ҳенрӣ ван де Велде (ҳол. Henry van de Velde ([ɑ̃ˈri vɑndəˈvɛldə]), 3 апрел 1863[4][2][5][…], Antwerp[d][6][2] — 25 октябр 1957[7][2][5][…], Зюрих[2] ё Oberägeri[d], Zug[d][6][8]) — меъмор, мусаввир ва тарроҳи белжикӣ.
Ҳенрӣ ван де Велде | |
---|---|
ҳол. Henry Clemens Van de Velde | |
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | |
Таърихи таваллуд | 3 апрел 1863[4][2][5][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 25 октябр 1957[7][2][5][…] (94 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Таҳсил: |
Зиндагинома
вироишҲамчун мусаввир ба неоимпрессионизм ворид шуд. Наққоширо тарк карда, соли 1892 дар Брюссел корхонаи ҳунарию саноатӣ, соли 1902 дар Веймар мактаби ҳунари бадеӣ ва соли 1926 дар Брюсел Мактаби олии миллии ҳунарҳои ороишро таъсис дод. Велде, ки ҳамеша ба эҷоди муҳити комили меъморию шайъӣ машғул буд, аз услуби ҷадид (модерн) аввал ба ратсионализм (яке аз асосгузорон ва пешвоёни ин ҷараён) ва баъд ба функсионализм гузашт. Осори Велде: ороиши дохили осорхонаи Фолкванг дар Хаген (1901—1902), ҳунаристони Веймар (1906), театри Веркбунд дар Кёлн (1914), осорхонаи Крёллер-Мюллер дар Оттерло (Ҳолландия; 1926—1937) ва ғ. Анвои мебел, чароғ ва зарфро тарроҳӣ мекард; ҳамчун назарияпардози ҳунар ва мунаққид мақолаҳо менавишт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ (unspecified title) — 2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 2.8 http://www.britannica.com/EBchecked/topic/624815/Henry-van-de-Velde
- ↑ https://www.moma.org/artists/6068 (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 Henry Van de Velde (нидерл.)
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 https://hdl.handle.net/21.12141/id/people.05F68D11-EB9A-40EA-AE3B-855F4095EDE9
- ↑ 7.0 7.1 http://global.britannica.com/biography/Henry-van-de-Velde
- ↑ 8.0 8.1 RKDartists (нидерл.)
- ↑ archINFORM (нем.) — 1994.
Адабиёт
вироиш- Велде // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.