Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ; таъс. 10 декабри соли 1994) — ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон. Нашрияи марказии ҳизб — «Минбари халқ».

Ҳизби хХалқии демократии Тоҷикистон
Пешво: Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузор: Эмомалӣ Раҳмон
Санаи асосгузорӣ: 10 декабр 1994
Қароргоҳ:
Маром: давлатгароӣ[d], иқтидоргароӣ, секулорисм, зидрӯҳонигарӣ[d], муҳофазакории миллӣ[d], nationalism[d], мактаби суннатгароӣ[d] ва анти-коммунизм
Сайт: tribun.tj/ru/
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.

Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ ба ҳайси муовинони Раиси ҲХДТ: Абдуҷаббор Азизӣ[1] — муовини якуми Раиси ҳизб, Асрор Латифзода ва Хайринисо Юсуфӣ муовинони раис интихоб гардиданд.

Нашрияи марказии ҳизб рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар вилоятҳои Ҷамҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд[2], вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.

Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.

18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмонро Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Э. Раҳмон дар Анҷуман сухан гуфта, таъкид намуд, ки «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҳизб Э. Раҳмон дар Анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳилаи нави рушди ҷомеа — давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуд.

Идеология

вироиш

Фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Фаъолият

вироиш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро ҲХДТ дар асоси принципҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

  • умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;
  • эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;
  • интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;
  • ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;
  • интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;
  • роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

ҲХДТ дар фаъолияти худ ба кори миёни занону ҷавонон эътибори махсус медиҳад. 3,5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳамаи маҳаллаю кӯчаҳо, ҷамоатҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар сафҳояшон бештар аз 102 000 аъзои ҳизбро муттаҳид мекунанд. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва бештар аз 48 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Натиҷаҳои интихобот

вироиш
Интихобот Раъй % Курсиҳо +/- Мавқеъ Ҳукумат
1995
5 / 181
  13   2-юм Мухолифин
2000 64.5 %
36 / 63
  31   1-ум Аксарияти ҳукумат
2005 1,666,909 64.5 %
49 / 63
  13   1-ум Аксарияти ҳукумат
2010 2,321,436 71.0 %
55 / 63
  6   1-ум Аксарияти ҳукумат
2015 2 472 262 62.5 %
51 / 63
  4   1-ум Аксарияти ҳукумат

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

вироиш

Ҳизб ҳамкориҳои дӯстонаро ба ҳизбҳои сиёсии зерин ба роҳ мондааст:

Пайвандҳо

вироиш
  • hamsafon.tj — вебгоҳи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон