Ҳикак, ҳиқақ, ҳиққак, (лот. singultus) — ҳолатест, ки баъзан одамони солим бе ягон сабаби ҷиддӣ ба он дучор мешаванд (мас., ҳангоми нӯшидани шароб, хӯрдани таоми бисёр ва ғайра).

Ҳиқақ
МКБ-10 R06.606.6
МКБ-9 786.8786.8
DiseasesDB 5887
MedlinePlus 003068
eMedicine emerg/252 
MeSH D006606

Одатан, ин ҳолат безарар ва зудгузар аст. Чуқур нафас гирифтан, муддате нафас набаровардан, нӯшидани чанд қулт оби хунук ҳиқақро сабук ё тамоман нест мекунад. Ҳиқақ инчунин, мумкин аст, нишонаи баъзе бемориҳо бошад. Дар аснои ангезиши диафрагма, ки бинобар илтиҳоби узвҳои ҷавфи шикам падид меояд, ҳиқақ гоҳо бардавом ва дардовар мешавад. ҳангоми баъзе бемориҳои мағзи сар ва ҳароммағз, сактаи дил, бемориҳои сироятӣ ва ҳаяҷони рӯҳӣ одам ҳиқақ мезанад. Агар ҳиқақ бисёр рӯй диҳад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед; ӯ сабаби ҳиқақро муайян карда, муолиҷа мефармояд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш