Бемориҳои сироятӣкасалиҳое, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразит ва содатаринҳои бемориовар ба вуҷуд меоянд. Мавҷудоти сироятовар ба организм ба воситаи ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғайра дохил шуда, афзоиш меёбанд ва фаъолияти онро халалдор месозанд.

Бемориҳои сироятӣ
ИхтисосИнфектология Edit this on Wikidata
Бемориҳои сироятӣ
Малярия
Малярия
МКБ-10 A0000.-B9999.
МКБ-9 001-139001-139
eMedicine / 
MeSH D003141

Таърих

вироиш

Аз давра­ҳои қадим хурӯҷи баъзе бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолии як мамлакат (эпидемия) ё мамлакатҳои гуногун (пандемия) оқиба­ти ҷангро муайян намуда, тақдири шаҳрҳо ва давлатҳоро ҳал мекард. Масалан, дар садаи VI пандемияи тоун Империяи Шарқии Римро ба таназзул ва қис­ми зиёди аҳолии онро ба марг расонд.

Авомил

вироиш

Бемориҳои сироятӣ аз се омили асосӣ таркиб ёфтаанд: манбаи сироят (одам ё ҳайвони сироятёфта); ноқили ангезанда; одамони ба сироят ҳассос. Ба пайдоиши бемориҳои сироятӣ гуруснагӣ, ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, таъсири сармо, гелминтозҳо, зичии аҳолӣ ва ғайра мусоидат менамоянд. Ангезандаҳои бемориҳои сироятии рӯда (домана, исҳоли хунин ва ғайра) аз обу хӯрок, косаву табақ ва дигар ашё паҳн мешаванд; интиқоли ангезандаҳои грипп, сурхча, хуноқ ва ғайра ба шахси солим аз ҳаво (ҳангоми сурфидан, атса задан, гуфтугӯ) ба амал меояд; бемориҳои сироятии пӯст дар аснои тамос бо ҳайвонот ё одами бемор (бемориҳои занбӯруғӣ ва ғайра) мегузаранд; ҳасба, тифи раҷъӣ, энсефалитҳо ва ғайраро аз одам (ё ҳайвонот) ба одам ҳашароти хунмак (шабуш, пашша, кана, мағилмак ва ғайра) мегузаронанд.

Давраҳо

вироиш

Бемориҳои сироятӣ аз давраҳои ниҳонӣ, оғоз, зуҳуроти асосӣ, сабукӣ ва шифо иборат аст. Дар давраи зуҳури асосии беморӣ ҳам аломатҳои барои бемориҳои сироятии умумӣ (масалан, заҳролудӣ – табларза, ҳарор. баланд, сустӣ, дарди сар ва ғайра), ҳам аломатҳои хосси ҳар як бемориҳои сироятӣ (масалан, бесаранҷом кардани хоҳиши дурӯғини қазои ҳоҷат, бо хун ва луоб олуда будани наҷосат зимни исҳоли хунин) пайдо мешаванд. Дар давраи рӯ ба беҳбудӣ овардани беморӣ нишонаҳои асосии он кам мегарданд, ҳарор. бадан тадриҷан ё зуд паст мешавад, бемор шифо меёбад ё беморӣ музмин давом мекунад. Дар давраи офият, сарфи назар аз барҳам хӯрдани аломатҳои клиникӣ, дар узвҳои иллатёфта тағйирот боқӣ мемонад (масалан, осеби луобпардаи рӯдаи рост ҳангоми исҳоли хунин камаш баъди як моҳ дуруст мешавад, аммо шифои комил баъди чанд рӯз фаро мерасад).

Гурӯҳбандӣ

вироиш

Бемориҳои сироятӣ ба антропонозҳо ва зоонозҳо ҷудо карда мешаванд. Антропонозҳо фақат хосси одам буда, одам танҳо аз одам сироят меёбад (вабо, нағзак, домана, исҳоли хунин, хуноқ, сурхча ва ғайра). Зоонозҳо хосси ҳайвонот буда, ба он­ҳо одам низ гирифтор мешавад, масалан, ҳангоми тамос бо ҳайвони касал, ба воситаи пӯсти осебёфта ё луоб­пардаҳо (сӯхтанӣ, манқагӣ, оқсил), газидани саги касал (ҳорӣ), ҳашароти хунмак (тоун, вараҷа) ва ғайра Ҳангоми бемориҳои сироятии рӯда (исҳоли хунин, домана, паратифҳо, вабо ва ғайра) ангезан­даҳо ба муҳит асосан бо пасафканди бемор ё ҳо­ми­лони бактерия паҳн ва ба организми одами солим ҳамроҳи ғизо дохил мешаванд. Тобистон бемориҳои сироятии рӯдаро бештар пашшаҳо мегузаронанд. Дар мавриди бемориҳои сироятии роҳҳои нафас (грипп, назла, гулӯзиндонак, ханозир, сурхча, сурфакабутак ва ғайра) ангезандаҳо дар вақти гуфтугӯ, сурфа ва атса задан паҳн мегарданд. Онҳо ба организми одами солим бо роҳи нафас ворид мешаванд. Баъзе бемориҳои сироятии роҳи нафас (масалан, грипп) дар байни одамон зуд паҳн мешаванд. Бинобар ин, дар мавсими хурӯҷи грипп ҳангоми сурфидан ё таб кардан, беморро дар хона нигоҳ дошта, духтурро даъват кардан лозим аст; дар аснои парастории бемор шахси солим бояд даҳону биниашро бо дока бандад, бемор ҳангоми ҳарф задан, сурфидан ё атса задан даҳону биниашро бо рӯймолча пӯшад. Ҳангоми бемориҳои сироятии хун ангезандаҳо бо хун давр зада, бинобар бо муҳит алоқа надоштан, аз бемор ба шахси солим фақат ба воситаи ҳашароти хунмак мегузаранд. Ангезандаҳои бемориҳои сироятии хунро пашша (вараҷа, пашшахӯрда, вараҷаи зард ва ғайра), шабуш (ҳасба ва тифи раҷъӣ), кана (риккетсиозҳои кана­гӣ, энсе­фалити канагӣ ва ғайра) ва кайк (тоун, тифи канагӣ) интиқол медиҳанд. Дар мавриди бемориҳои сироятии пӯст ангезандаҳо ба организми одам аз пардаи луобӣ ва пӯсти иллатёфта дохил мешаванд. Одам чӣ дар аснои тамос (бемориҳои олоти таносул) ва чӣ аз истифодаи кӯрпаву болин ё са­чоқи бемор (трахома, хоришак, бемориҳои занбӯруғии пӯст ва ғайра) сироят меёбад. Шахсони гирифтори бемориҳои сироятиро дар беморхона, дар баъзе ҳолатҳо дар хона табобат мекунанд. Нигоҳубини дуруст ва ғизои хуб муолиҷаи бисёр бемориҳои сироятиро осон мегардонад. Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз моягузаронӣ истифода мебаранд. Кам шудан ва барҳам хӯрдани бемориҳои сироятӣ бештар ба сохти ҷамъият, тараққиёти хоҷагии халқ, дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ, хадамоти тандурустӣ ва ғайра вобастагӣ дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Қамардинов Х. Қ., Раҳмонов Э. Р. Бемориҳои сироятӣ. Душанбе, 2000;
  • Камардинов Х. К. Клиника опасных инфекционных болезней. Душанбе, 2007;
  • Қамардинов Х. Қ. Инфекционные и паразитарные болезни. Душанбе, 2009.

Сарчашма

вироиш